21.10.2011
Ҳаҷми амонати шахсони воқеӣ афзуд
Бақияи амонатҳо дар интиҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ 4,06 млрд. сомониро ташкил дод, аз ҷумла, 1,44 млрд. сомониаш бо пули миллӣ ва 2,62 млрд. сомонии дигараш бо асъори хориҷӣ мебошад.
Дар таркиби бақияи ҳаҷми амонатҳо 49,2 фоиз (2,0 млрд. сомонӣ) ба шахсони ҳуқуқӣ ва 50,8 фоиз (2,1 млрд. сомонӣ)-и боқимондааш ба шахсони воқеӣ мансуб аст.
Фоизи миёнавазни амонатҳо дар нӯҳ моҳи соли равон бо пули миллӣ 15,75 фоиз ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 14,75 фоизи солонаро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ