27.10.2011
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурби долл. ИМА нақдӣ дар давоми ҳафта каме паст фаромада, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 4,8100-4,8250 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод.
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро дар рӯзҳои охир андаке баланд шуда, мувофиқан ба 0,1555-0,1574 сомонӣ ва ба 6,6300-6,6500 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 27 октябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди 4,8190-4,8370 сомонӣ қарор ёфт.
Хадамоти матбуоти
БМТ