Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат зиёд мегардад

Бойгонии ахбор
02.11.2011

Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат зиёд мегардад

    Бақияи қарзҳо ба 1 октябри соли ҷорӣ 34,1 фоиз зиёд шуда, 4,6 млрд. сомониро ташкил намуд. Аз он 22,7 фоиз ё 2,1 млрд. сомонӣ ба қарзҳо бо пули миллӣ ва 45,8 фоиз (2,5 млрд. сомонӣ) бо асъори хориҷӣ рост меояд. Дар таркиби бақияи қарзҳо 67,3 фоизро (3,1 млрд. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 32,7 фоиз (1,5 млрд. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат тадриҷан зиёд шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60,0 фоизро ташкил менамояд.
    Фоизи миёнавазни қарзҳо бошад дар давраи январ-сентябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,1 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 22,0 фоизи солонаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,3 ва 1,4 банди фоизӣ кам мебошад.
    Қарзҳои хурди додашуда, низ бо баланд гардидани сатҳи талабот, дар моҳҳои январ-сентябр рушд ёфта, 1,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 36,6 фоиз зиёд аст. Аз ин маблағ 394,8 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29,5 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку