Вазъи қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ

Бойгонии ахбор
11.11.2011

Вазъи қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ

    Дар давоми ҳафта дар маҷмӯъ қурби доллари ИМА ва рубли русӣ муътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна мувофиқан 4,8080-4,8250 сомонӣ ва 0,1552-0,1571 сомониро ташкил дод.
    Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, дар рӯзҳои охир андаке паст шуда, мувофиқан ба 6,5500-6,5700 сомонӣ баробар шуд.
    Имрӯз, 11 ноябри соли 2011 қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе андаке баланд шуда, дар ҳудуди 4,8160-4,8360 сомонӣ қарор дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку