17.11.2011
Тағйирёбии қурб дар бозори нақдии асъори хориҷӣ
Дар давоми ҳафта қурби доллари ИМА каме баланд шуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 4,8232-4,8402 сомониро барои 1 доллари ИМА ташкил дод.
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, мувофиқан ба 0,1551-0,1570 сомонӣ ва ба 6,5560-6,5760 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 17 ноябр қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар ҳудуди 4,8170-4,8370 сомонӣ қарор ёфт.
Хадамоти матбуоти
БМТ