29.12.2011
Қарзҳои хурд - ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон
Вобаста ба афзудани талаботи иқтисодиёт ба пул, нигаҳдории мӯътадилии ҳаҷми он дар муомилот ва кам намудани таъсири омилҳои таваррумӣ Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати пулию қарзии қатъиро пеш гирифт. Дар натиҷа бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба санаи 1 декабри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 23,5 фоиз афзуд. Аз ин ҳисоб зиёда аз 2,1 млрд. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва қариб 2,6 млрд. сомониро бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ дар ин давра фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ ба 22,73 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 21,84 фоизи солона баробар шуданд.
Қобили қайд аст, ки бинобар баланд шудани талабот ба пул ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ёздаҳ моҳи соли равон рӯ ба афзоиш ниҳода, нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 34,5 фоиз зиёд гардид. Аз он ҷумла, маблағи 470,7 млн. сомонӣ ҳамчун қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 27,4 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ