29.12.2011
Қурби миёнаи долл. ИМА каме паст фаромад
Тайи чанд рӯзи охири ҳафта қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме паст фаромада, дар атрофи 4,8278-4,8400 сомонӣ қарор гирифт.
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, дар маҷмӯъ мӯътадил боқӣ монда, мутаносибан ба 0,1510-0,1528 сомонӣ ва ба 6,2500-6,2700 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 29 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар ҳудуди 4,8300-4,8400 сомонӣ қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ