05.01.2012
Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ каме паст шуданд
Давоми чанд рӯзи ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме коҳиш ёфта, дар ҳудуди 4,8250-4,8400 сомонӣ қарор дошт.
Ҳамчунин, дар ин миён қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме поин рафта, ба 0,1474-0,1492 сомонӣ ва ба 6,2075-6,2275 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 5 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе, дар атрофи 4,8350-4,8500 сомонӣ тағйир ёфт.
Хадамоти матбуоти
БМТ