16.01.2012
Афзоиши воқеии ММД – 7,4 фоиз
Мувофиқи маълумоти расмӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли ҳисоботӣ 30 069,3 млн. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,4 фоизро ташкил дод.
Тавре таҳлилҳои анҷомдода нишон доданд, дар ин давра рушди мӯътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти миллӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, афзоиш дар соҳаҳои хизматрасонӣ 11,4 фоиз, гардиши савдои чакана 8,9 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7,9 фоиз, тавлиди маҳсулоти саноатӣ 5,9 фоиз ва сохтмон 5,0 фоиз ба даст омад.
Хадамоти матбуоти
БМТ