Даъват барои иштирок дар озмун

Бойгонии ахбор
23.01.2012

Даъват барои иштирок дар озмун

    Бонки миллии Тоҷикистон ширкатҳои манфиатдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои иҷрои корҳои зерин даъват менамояд:
  Таҳияи барномаи коркарди иттилоотӣ бо дарназардошти талаботҳои байналмилалӣ ҷиҳати ташкил, коркард ва таҳлили маълумот дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм.
    Ширкатҳо метавонанд пешниҳодҳои худро оиди иштирок дар озмун шахсан ба Бонки миллии Тоҷикистон то 30 январи соли 2012 бо нишонии зайл пешниҳод намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе 734003, хиёбони Рӯдакӣ, 107А Бонки миллии Тоҷикистон Тел: +(992 44) 600-36-85 Факс: +(992 44) 600-36-83 Шахси масъул: Ширинов Ҷомӣ – сардори шӯъбаи коркарди иттилооти Департаменти мониторинги молиявӣ        
    Иттилооти иловагӣ оиди сохтор ва мушаххасоти барнома баъд аз пешниҳод гардидани дархостҳои ширкатҳо манзур мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку