06.02.2012
Даъват барои иштирок дар озмун
Бонки миллии Тоҷикистон ширкатҳои манфиатдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои иҷрои корҳои зерин даъват менамояд:
Таҳияи барномаи коркарди иттилоотӣ бо дарназардошти талаботҳои байналмилалӣ ҷиҳати ташкил, коркард ва таҳлили маълумот дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм.
Ширкатҳо метавонанд пешниҳодҳои худро оиди иштирок дар озмун шахсан ба Бонки миллии Тоҷикистон то 15 феврали соли 2012 бо нишонии зайл пешниҳод намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе,
734003, хиёбони Рӯдакӣ, 107А
Бонки миллии Тоҷикистон
Тел: +(992 44) 600-36-85
Факс: +(992 44) 600-36-83
Шахси масъул: Ширинов Ҷомӣ – Сардори шӯъбаи коркарди иттилооти Департаменти мониторинги молиявӣ.
Иттилооти иловагӣ оиди сохтор ва мушаххасоти барнома баъд аз пешниҳод гардидани дархостҳои ширкатҳо манзур мегардад.
Хадамоти матбуоти
БМТ