Эълон

Бойгонии ахбор
08.02.2012

Эълон

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи
«аудитори технологияҳои иттилоотӣ (IT-auditor)»
дар Департаменти аудити дохилӣ
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Талабот ба номзад:

  • таҳсилот: олии иқтисодӣ, техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT)
  • малакаи кор дар компютер – касбӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), англисӣ ва русӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ ё соҳаи технологияи иттилоотӣ - афзалиятнок аст;
  • таҷрибаи кории 3-солаи соҳаи IT дар бахшҳои аудити дохилӣ ё берунӣ - афзалият дорад;
  • донистану фаҳмидани моҳияти барномаҳои СOBIT, COSO ва ғайра - афзалият дорад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • 3 дона расм (андозаи 3х4);
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • рақами СИН аз шуъбаи муҳосиботи ҷойи кори пештара;
  • рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
Нишонаи почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ
Телефон барои маълумот: + (992 44) 600-32-13, 600-31-40
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 13.02.с.2012
Баргузории суҳбат бо номзадҳо - 14.02.с.2012, соати 14.00
Ҷамъбасти озмун - 15.02.с.2012


Хадамоти матбуоти
БМТ



Возврат к списку