Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ

Бойгонии ахбор
08.02.2012

Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ

    Дар ҷаласаи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, ки 7 феврали соли равон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат баргузор гардид, масъалаҳои асосии рушди низоми бонкӣ, татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи дилхоҳи таваррум ва рушди воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
    Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зимни суханронии худ диққати аҳли маҷлисро ба инкишоф додани хизматрасониҳои молиявию бонкии электронӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба иқтисодиёт, аз ҷумла қарзҳои дарозмӯҳлат барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ, андешидани чораҳо барои таъмини бозгашти қарзҳои мушкилситон, рушди бозори коғазҳои қиматнок, баланд бардоштани устувории молиявӣ ва фоиданокии бонкҳо, инкишофи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷалб намуд.       
    Тавре номбурда изҳор намуд, заиф шудани вазъи молиявии бонкҳо метавонад ба вазъи умумии иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки дар фаъолияти хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд ва дар рушди бахши воқеии иқтисодиёт, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ саҳми худро гузоранд.
    Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва Ассотсиатсияи бонкҳои ҷумҳурӣ перомуни мушкилоти мавҷуда ва беҳтар кардани вазъи низоми бонкии кишвар фикру андешаҳо ва пешниҳодоти худро баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку