Тағйироти кадрӣ дар мақомоти роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
08.02.2012

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон

    Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо сабаби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш аз вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳақназаров Турақул Имомович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шуд.
     Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд. Неъматов Абдукарим Ҳакимович муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Ширинов Абдуҷаббор



    Ширинов Абдуҷаббор, 20 июни соли 1953 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.
    Соли 1974 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин-ро бо ихтисоси «математикаи амалӣ» ва соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «молия ва қарз» хатм намудааст.
   Фаъолияти меҳнатии худро баъди хатми Донишгоҳ соли 1974 ба сифати муҳандис-барномасози лабораторияи ҳисоббарории Донишгоҳи мазкур оғоз намуда, то моҳи октябри соли 1992 дар вазифаҳои гуногуни бахши барномасозии компютерӣ ва технологияҳои иттилоотӣ кор кардааст.
    Дар соли 1992 ба кори бонкӣ гузашта, то моҳи январи соли 2006 дар вазифаҳои сармуҳандиси Идораи ахбор ва коркарди автоматикунонидашуда, сармуҳандиси Мудирияти ҳисоббаробар-кунӣ, роҳбари Мудирияти ҳисоббаробаркунии Бонки миллии Тоҷикистон, Муовин, Муовини аввали Раиси Раёсати бонки саҳҳомию тиҷоратии сармоягузории агросаноатии «Агроинвестбонк», Муовин ва Муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
    Аз моҳи январи соли 2006 вазифаи Раиси Кумитаи давлатии назорати давлатии молиявӣ ва аз моҳи январи соли 2007 Муовини аввали Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
   Солҳои 2007-2012 ба сифати Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико фаъолият намудааст.
    Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1236 аз 24 январи соли 2012 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гашт. Дорандаи унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» буда, соҳиби рутбаҳои Мушовири давлатӣ ва Сафири фавқулодда ва мухтор аст.
    Забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад.
    Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Неъматов Абдукарим Ҳакимович

 

    2 феврали соли 1965 дар ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.
     Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1982 ба сифати коргари облселстройи №10-и шаҳри Кӯлоб оғоз намудааст. Аз соли 1983 то соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Баъди хизмати ҳарбӣ соли 1985 ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, Донишгоҳи мазкурро соли 1990 бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагӣ хатм намудааст. Баъди хатми Донишгоҳ аз соли 1990 то соли 1993 ба ҳайси сармуҳосиби Прокуратураи вилояти Кӯлоб фаъолият намудааст.
    Аз моҳи марти соли 1993 то моҳи августи соли 1993 ҷонишини сармуҳосиби Шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва аз моҳи августи соли 1993 то моҳи октябри соли 2002 сармуҳосибии Шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро ба ӯҳда дошт.
    Аз моҳи октябри соли 2002 иҷрокунандаи вазифаи Мудири бахш ва аз моҳи ноябри соли 2002 то моҳи декабри соли 2008 вазифаи Мудири бахши ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро дар шаҳри Кӯлоб иҷро кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2008 то моҳи январи соли 2012 вазифаи Мудири Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро бар дӯш дошт.
     Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1237 аз 24 январи соли 2012 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.
    Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку