24.02.2012
Меъёри бозтамвил боз ба андозаи 0,8 банди фоизӣ паст карда шуд
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,8 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар намуд.
Дигаргунии мазкур бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот, ворид карда шудааст.
Қобили қайд аст, ки маротибаи охир меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 14 декабри соли 2011 ба андозаи 0,2 банди фоизӣ паст карда шуда буд.
Хадамоти матбуоти
БМТ