27.02.2012
Пасандозҳо зиёд шуданд
Ҳаҷми бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, дар ҷамъбасти моҳи январи соли 2012 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 30,5 фоиз зиёд шуд. Аз ин нишондиҳанда 1 595,2 млн. сомониро пасандозҳо бо пули миллӣ ва 2 819,8 млн. сомониро маблағҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Агар ба таркиби ҳаҷми бақияи пасандозҳо таваҷҷӯҳ намоем, 46,7 фоиз ё 2 060,2 млн. сомонӣ ба пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 53,3 фоиз ё 2 354,9 млн. сомонӣ ба пасандозҳои шахсони воқеӣ рост меоянд.
Дар моҳи январи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ ба 17,09 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 14,45 фоизи солона баробар шуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ