Қурбҳои долл. ИМА андак паст, рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд шуданд

Бойгонии ахбор
01.03.2012

Қурбҳои долл. ИМА андак паст, рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд шуданд

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ тайи чанд рӯзи охири ҳафта қурби миёнаи долл. ИМА каме паст шуда, дар атрофи 4,8240-4,8400 сомонӣ қарор дорад.
    Дар ин давра қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1628-0,1645 сомонӣ ва 6,4100-6,4300 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 1 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе, андаке поин фаромада дар ҳудуди 4,8280-4,8450 сомонӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку