15.03.2012
Поёнравии сатҳи таваррум дар моҳи феврал
Таваррум дар моҳи феврал мувофиқи маълумоти расмӣ 0,2 фоизро ташкил намуда, дар ду моҳи соли равон ба 0,6 фоиз баробар шуд. Сатҳи таваррум дар зарфи 12 моҳи охир бошад, 6,5 фоизро ташкил дод.
Сатҳи таваррум дар ду моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас поин рафта, раванди нигоҳ доштани муътадилии худро инъикос намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ