Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро боз каме паст шуданд

Бойгонии ахбор
15.03.2012

Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро боз каме паст шуданд

    Дар давоми чанд рӯзи ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ тағйир наёфт ва дар айни замон дар худуди 4,8250-4,8410 сомонӣ қарор дорад.
    Вале дар ин миён, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро боз каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1615-0,1631 сомонӣ ва ба 6,3275-6,3475 сомонӣ баробар шуданд.
    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 15 март қурби миёнаи долл. ИМА 4,8290-4,8495 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку