Маблағгузории устувор

Маблағгузории устувор
Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва нигоҳ доштани мутавозунии табиӣ дар сатҳи глобалӣ ва миллӣ рӯз аз рӯз аҳамияти бештар пайдо менамоянд. Вобаста ба ин, Бонки миллии Точикистон ташаббусҳои иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж гирифташударо дастгирӣ намуда, фаъолияти низоми молиявиро дар ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор бо татбиқи принсипҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) муҳим меҳисобад.

Низоми молиявӣ дар маблағгузории устувор тавассути амалияи мутобиқ намудани фаъолияти соҳибкорон ба консепсияи корпоративию иҷтимоӣ ва дар навбати худ, маблағгузории лоиҳаҳои экологию иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад.

Бо назардошти ин, Бонки миллии Точикистон дар такя бо меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳияи замина барои маблағгузории экологию иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) ва таҳлили хавфҳои иқлимӣ дар низоми бонкӣ корбарӣ менамояд.

Маблағгузории устувор – ин раванди ба инобат гирифтани омилҳои экологӣ, иҷтимоӣ, иқлимӣ ва идоракуниро ҳангоми қабули қарорҳои маблағгузорӣ дар бахши молиявӣ мебошад, ки боиси маблағгузории дарозмудат ба фаъолият ва лоиҳаҳои устувори иқтисодӣ мегардад. 

Принсипҳои ESG


                            

Environmental – экологӣ

Тағйирёбии иқлим, партовҳои газҳои гулхонаӣ, ифлосшавии обу ҳаво, гуногунии биомасса ва ғайра

Social – иҷтимоӣ

Ташкили шароити мусоиди корӣ, фарогирӣ ва баробарии гендерӣ ва ғайра

Governance – идоракунии корпоративӣ

таъмини шаффофияти идоракунӣ ва ифшои маълумот,  мустақилияти шурои директорон ва ғайра

 

Руйдодҳо


Муҳокимаи лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ (10 декабри соли 2024)

Форуми байналмилалии молиявӣ: “ESG - ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди кишвар” (31 октябри соли 2024)

Ҷаласаи 8-уми глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (13 сентябри соли 2024)

Силсиладарсҳои маҳорат оид ба рушди иқтисоди “сабз” (24 апрели соли 2024)

Мулоқоти Фирдавс Толибзода бо ҳайати SBFN ва IFC (2 апрели соли 2024)

Бонки миллии Тоҷикистон узви Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ (“NGFS”) гардид (18 январи соли 2024)

Бонки миллии Тоҷикистон узви Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор (“SBFN”) шуд (9 январи соли 2024)

БМТ: Татбиқи Барномаи кумаки техникии БАТР дар доираи “Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идора, танзими хавфҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративии иқлим” оғоз ёфт (6 декабри соли 2023)


Стратегияи рушди иктисоди «сабз» дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2023–2037