Шарҳи умумӣ

Шарҳи умумӣ

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №408 “Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 13 марти соли 2017, №851 “Дар бораи ба БМТ вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ”, Идораи назорати суғуртавӣ  (минбаъд - Идора) ҳамчун воҳиди таркибии Бонки миллии Тоҷикистон, таъсис дода шуд. 

Идора барои амалигардонии мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар бахши назорати суғуртавӣ вазифадор аст.

Идора фаъолияти соҳаи суғуртавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, танзим ва рушди самараноки хизматрасонии суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии суғурташавандагон ва давлатро таъмин менамояд.

Ҳамзамон, Идора танзим ва назорати ягонаи суғуртаро оид ба масъалаҳои иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ), пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии ташкилотҳои суғуртавӣ, баҳисобгирию ҳисоботдиҳӣ, усулҳои суғуртакунӣ ва ҳамоҳангсозии суғуртакунӣ амалӣ менамояд.