10-15 августи соли 2020 дар доираи лоиҳаи муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, инчунин дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак чорабиниҳои бозомӯзии омӯзгорон баргузор гардиданд. Тренинги бозомӯзӣ ба баланд бардоштани малакаи омӯзгорон дар самти маърифати молиявӣ равона шуда, ба он 20 нафар омӯзгор аз тамоми манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.
Омӯзгорони ба барномаи бозомӯзӣ ҷалбшуда аъзои лоиҳаи мултипликатор-тренерони таҳсилоти дуҷониба буда, дар мактабҳои худ ҳамчун роҳбарони маҳфилҳои иқтисодӣ фаъолият мебаранд.
Барномаи бозомӯзӣ барои омӯзгорон дар муддати 5 рӯз идома ёфта, бинобар самаранок доир намудани машғулиятҳо дар шакли семинари интерактивӣ роҳандозӣ шуда, аз қисматҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Дар баробари ин дар қисмати амалии тренинг бозиҳои махсуси таълимии “Пасандоз” ва “Нишондодҳои худро бидон” (Дӯкони фурӯши шарбатҳои мева) ташкил карда шуд. Дар бозиҳои номбурда мавзӯҳои банақшагирии буҷаи оилавӣ, тарзи дурусти пасандозгузорӣ, моҳияти қарз дар иқтисодиёт, соҳибкорӣ, оғози тиҷорат, даромаду хароҷот, фоида, тавозун, рақобат, таҳлил, ҳисоботҳои молиявӣ ва ғайра манзури иштирокчиён гардид. Омӯзгорон дар навбати худ сатҳи донишу малакаи худро доир ба ин мавзӯъҳо нисбатан васеъ намуданд.
Махсусияти ин маҳфилҳои омӯзишӣ дар он аст, ки барномаи онҳо бештар ба рушди амалии донишҳои молиявӣ, аз ҷумла имконияти таҷрибаомӯзӣ дар соҳаи бонкӣ равона шудааст.
Дар барномаи омӯзишӣ коршиносон аз Фонди амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва намояндагон аз шӯъбаи бозомӯзии кормандон ва Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, дар мавзӯъҳои гуногуни молиявӣ баромад карданд.
Боиси тазаккур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди амонатгузории Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аз соли 2018 инҷониб ҳамкориро оғоз намуда, то имрӯз бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ 11 адад маҳфилҳои иқтисодӣ ташкил шудаанд, ки дар он 165 нафар хонандагони синфҳои болоӣ бо омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар бораи вазъи саводнокии молиявӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадқиқотҳои мавзӯии ин соҳа аз ҷониби мушовири шуъбаи саводнокии молиявии Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ муаррифии муфассал манзур карда шуд.
Дар рафти даври омӯзишӣ ба иштирокчиёни барнома инфографика бо маълумот дар такя ба сарчашмаи Global Financial Literacy, тадқиқоти Standard & Poor's Ratings Services пешниҳод гардид, ки сатҳи саводнокии молиявии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17%-ро ташкил додааст. Тадқиқоти умумиҷаҳонии саводнокии молиявӣ дониши аҳолиро дар чор самти асосии молиявӣ месанҷад: диверсификатсияи хавфҳо, таваррум, истеъдоди рақамгузорӣ ва ҳисоби фоизҳо. Қайд кардан лозим аст, ки дар тадқиқот беш аз 150 000 нафар калонсолон аз 140 давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Баъдан омӯзгорон дар атрофи мавзӯи мазкур, тафовути байни истилоҳоти саводнокӣ, рафтор ва маърифатнокии молиявӣ муҳокимаронӣ намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас пайдо намуданд.
Ташкилкунандагони даври омӯзишӣ умедворанд, ки чунин барномаҳои таълимии назариявию амалӣ барои такмили ихтисос, мубодилаи таҷриба ҷиҳати пешбурди фаъолияти минбаъдаи омӯзгорон дар самти баланд бардоштани саводнокӣ ва маърифати молиявии наврасону ҷавонон самараи хуб хоҳад бахшид.
Дар фарҷом аз ҷониби иштирокчиён ба ташкилкунандагон барои чунин чорабиниҳои таълимӣ миннатдории хеш баён гардида, бештар ва дар мавзӯҳои гуногуни иқтисодиёт баргузорнамоии маҳфилу чорабиҳои зерин таклифу пешниҳодҳо пешкаш намуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки то имрӯз дар доираи лоиҳаи мазкур 571 нафар омӯзгорон донишу малакаи ихтисосии худро бо барномаҳои иқтисодӣ баланд бардошта, беш аз 29 ҳазор толибилмонро бо омӯзиш фаро гирифтанд.
Диданд: 0