Бо ибтикори Бонки марказии Ҷумҳурии Қазоқистон 12-13 ноябри соли равон дар ш. Остона ҷаласаи тадорукотии Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони бонкҳои марказӣ (миллии) Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Русия, Белорус, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Бонки миллии Тоҷикистонро дар ин машварат сардори Шуъбаи навтаъсиси бонк оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои хизматрасониҳои низоми бонкӣ Рукмина Сафарова намояндагӣ намуд.
Бо ибтикори Бонки марказии Ҷумҳурии Қазоқистон 12-13 ноябри соли равон дар ш. Остона ҷаласаи тадорукотии Шӯрои машваратии бонкҳои марказӣ (миллӣ) оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баргузор гардид.
Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дар радифи проблемаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, аз ҷумлаи масъалаҳои авалиндараҷаи ҳалталаби имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.