НАЗИРӢ ГУЛБАҲОР НАЗИР
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир 19 сентябри соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Таҳсилот:
Маълумот олӣ, Институти ордени “Нишони фахридори давлатии педогогии Хуҷанд ба номи С.М.Киров” ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мактаби миллӣ ва иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот хатм намудааст.
Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1992-2007-омӯзгори кафедраи НДХ факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров;
Солҳои 2007-2009 – омӯзгори кафедраи назарияи иқтисоди факултаи молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
Солҳои 2009-2011 – дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии факултаи молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
Солҳои 2011-2015 – декани факултаи бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
Солҳои 2015-2020 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия;
Солҳои 2020-2022 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия.
Аз 17 августи соли 2022, №425 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид;
Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.
Донистани забонҳо: русӣ ва англисӣ;
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.