01.03.2022
Эълони Озмун
Департаменти аудити дохилӣ
I
Аудитори дараҷаи II шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ - (2 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати СIA (аудитори дохилии сертификатдор), САР (муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, Power Point) - ҳатмӣ;
- донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва забони русӣ – ҳатмӣ, донистани забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
21.02.2022
Эълони Озмун
Сардори шуъбаи санадҳои меъёрии идораи ҳуқуқи
Бонки миллии Тоҷикистон - (1 ҷой)
08.02.2022
Эълони Озмун
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб ҳуқуқшинос (шартномавӣ) дар шуъбаи назорати бонкӣ
28.01.2022
Эълони Озмун
Департаменти мониторинги молиявӣ
I
мутахассиси дараҷаи 2 шуъбаи таҳлил ва тадқиқот (шартномавӣ)
(1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос афзалият дорад;
- малакаи хуби кор бо компютер (MS Office, Internet) ё дигар системаҳои идоракунии пойгоҳҳои маълумот;
- қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳия ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
18.01.2022
Эълони Озмун
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бозраси пешбари шуъбаи назорати бонкӣ – (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ;
- доштани қобилияти хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
- доштани малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
- доштани малакаи кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point);
- донистани забони давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ–афзалият дорад);
- доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 2 сол;
- дар ҳайати коллектив кор карда тавонистан;
- доштани имконият барои сафарҳои хизматӣ ба шаҳру навоҳии дохили кишвар;
- донистани тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ;
- муайян карда тавонистани хавфҳои соҳавӣ ва равандҳои осебпазир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.
Новости
41 - 45 из 75
Начало
|
Пред.
|
7
8
9
10
11
|
След. |
Конец