Пули коғазӣ ва танга

02.08.2023 Бонки миллии Тоҷикистон озмуни ишғоли вазифаҳои холиро эълон менамояд

I.
мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи таҳия ва
назорати барномаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳияи барномаҳои иқтисодӣ;
  • қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер- MS Office (word, excel, power point);
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ, забони англисӣ – ҳатмӣ;
  • доштани маҳорати баланди салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
  • пешбурди муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи баланд.

02.08.2023 Эълони Озмун



ИДОРАИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

I
Мутахассиси дараҷаи II

шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи наздик ва мамолики Араб (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • Доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз ду сол.
  • Донишу таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
  • Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
  • Доштани маълумоти кофӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ;
  • Малакаи гузаронидани таҳлил аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
  • Дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
  • Донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ ҳатмӣ мебошад.

21.07.2023 Эълони Озмун

Департаменти технологияҳои иттилоотӣ

I
Мутахассиси пешбар
шуъбаи коркард ва пешбурди барномаҳо (2 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • Таҳсилот: олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз забонҳои барномасозии JavaScript, Java, Python, C#, PHP, Golang ё дигар;
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз фреймворкҳои Angular, VueJS, React, Django, Laravel, ASP.NET Core ё дигар;
  • Малакаи корӣ ва маълумоти кофӣ оид ба яке аз пойгоҳҳои маълумотҳои MS SQL, Postgresql, MySQL ва ё дигар.
  • Доштани маълумоти кофӣ оид ба техникаи ҳисоббарор ва чопӣ, таҷҳизоти серверӣ ва коммуникатсионӣ.
  • Пайваста омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани технологияҳои навтарин дар соҳаи барномасозӣ;
  • Малакаи сарфаҳм рафтан ва кор намудан бо коди барномаҳои мавҷуда;
  • Донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – дар сатҳи хондани ҳуҷҷатҳои техникӣ;
  • Доштани собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз се сол.

05.07.2023 Эълони Озмун

Муовини мудири шуъбаи минтақавӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • Таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ ( магистр );
  • Доштани собиқаи кор на кам аз 5 сол дар соҳаи бонкӣ ва молиявӣ (на кам аз 3 сол дар вазифаи роҳбарикунанда);
  • Донистани хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус иқтисодӣ, бонкдорӣ ва меҳнатӣ:
  • Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;
  • Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабақаи интернет;
  • Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

14.06.2023 Эълони Озмун

Департаменти аудити дохилӣ
I
Аудитори дараҷаи I - шуъбаи ташкил ва
ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:
  • таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
  • доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
  • малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.


Новости 16 - 20 из 72
Начало | Пред. | 2 3 4 5 6 | След. | Конец