Научно-исследовательский институт и переподготовки кадров


Семинари омӯзишӣ: Баҳодиҳии хавфҳои марбут ба хизматрасониҳои дастраси молиявӣ 17.03.2016 Семинари омӯзишӣ: Баҳодиҳии хавфҳои марбут ба хизматрасониҳои дастраси молиявӣ
Имрӯз, 17 марти соли равон бо иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва мутахассиси калони Бонки ҷаҳонӣ оид ба бахши молиявӣ Клаудио Стролиго барои намояндагони мақомоти назоратии кишвар, иштирокчиёни бозори молиявӣ, аз он ҷумла масъулини бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. 

15.03.2016 Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон дар ҷумҳурӣ
Тайи ду рӯз аст, ки бо ташаббуси Бонки милли Тоҷикистон ва дар ҳамкории ташкилотҳои қарзии мамлакат дар қаламрави кишвар ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон идома дорад, ки дар ҷараёни он маърифати молиявии кӯдакон, ҷавонон ва муштариён баланд бардошта мешавад. 

10.03.2016 Даъвати довталабон ба донишгоҳҳои Русия
Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои зич бо Маркази байналмилалии таълимию методии мониторинги молиявии (МУМЦФМ) ш.Москва ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) ва

Таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар БМТ 07.03.2016 Таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар БМТ
Имрӯз, 7 марти соли равон ба ифтихори ҷашни фархундаю муборак, Рӯзи модар бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, хонумон ва бонувон, ки дар бахшҳои гуногун ва вазифаҳои пурмасъулияти бонк фаъолият доранд, ҷаласаи идона баргузор гардид. Дар назди ҳозирин муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев баромад намуда, модарон, бонувон ва хоҳарони гиромиро самимона табрику таҳният гуфт. 

26.02.2016 БМТ: Силсилаи вохӯриҳо оид ба ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ баргузор гардид
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон баҳри дастгириии сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, арҷ намудани рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ мунтазам дар миёни кормандони воҳидҳои сохтории худ корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ мебарад.


Новости 26 - 30 из 33
Начало | Пред. | 3 4 5 6 7 | След. | Конец