Ба “Рӯйхати байналмилалӣ”, шахсони воқеии барои ҷиноятҳои хусусияти террористӣ маҳкумшуда, илова шуд.
Кумитае, ки дар асоси қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ 1267/1989/2253 таъсис дода шудааст, тағйиротҳои дар феҳристи шахсон ва ташкилотҳои бо ДИИШ ва “Ал-Қоида” алоқамандро тасдиқ кард.
Ба рӯйхати миллии шахсони воқеӣ, ки бо терроризм алоқамандӣ доранд, тағйирот ворид карда шуд.
Тибқи барномаи омӯзишии Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2023, рӯзҳои 18-20 октябр дар шаҳри Бохтар, 8-10 ноябр дар шаҳри Кӯлоб ва 14-16 ноябр дар шаҳри Хуҷанд барои кормандони ташкилотҳои қарзии молиявии ин минтақаҳо бо иштироки намояндагони Департамент чорабиниҳои омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардиданд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкориро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ - методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар мактабҳои олии Федератсияи Россия ба роҳ мондааст.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025,
ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 38/1.
Мушаххасоти тамос: тел: +992(44) 600 36 84;
факс: +992(44) 600 36 87; e-mail: dmm@nbt.tj