Маркази омӯзишӣ-методии Департаменти мониторинги молиявӣ

ШАРТНОМА

дар бораи ташкили курсҳои омӯзишӣ

 

ш. Душанбе                                                                                    «     »_________c. 2020

Бонки миллии Тоҷикистон дар шахсияти Раис Ҷамшед Нурмаҳмадзода, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” амал менамояд минбаъд “Иҷрокунанда”, аз як тараф ва _________________, ки дар асоси _____________________ амал менамояд минбаъд «Фармоишгар», аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ минбаъд “Тарафҳо” номида шуда, ин Шартномаро бо мазмуни зайл ба имзо расониданд:

 

1.      Мавзӯи Шартнома

1.1. Иҷрокунанда уҳдадор мешавад, ки ба корманд/они аз ҷониби Фармоишгар муқарраршуда (минбаъд - “Шунаванда/Шунавандагон”) курсҳои омӯзиширо дар самти “Муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (минбаъд – “курсҳои омӯзишӣ”) гузаронад ва Фармоишгар уҳдадор мешавад, ки ба Иҷрокунанда музди хизматрасонии омӯзиширо тибқи шартҳои Шартномаи мазкур пардхохт намояд.

1.2. Давра ва макони гузаронидани курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби Иҷрокунанда муқаррар карда мешавад.

1.3. Ҳолати аз ҷониби Иҷрокунанда пешниҳод шудани хизматрасонии омӯзишӣ тибқи Шартномаи мазкур, бо санади қабулу супурди (Замимаи №1) баимзорасидаи Тарафҳо тасдиқ карда мешавад.

2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳо

2.1. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад:

- мустақилона ҷараёни курсҳои омӯзиширо муайян ва амалӣ намояд, низоми баҳодиҳиро муқаррар намояд, шакл, тартиб ва давраҳои гузаронидани санҷиши Шунавандагонро тибқи санадҳои меъёрии дохилии Иҷрокунанда ва барномаи курсҳои омӯзишӣ муқаррар намояд;

- нисбат ба Шунавандагон чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва интизомӣ татбиқ намояд, Шунавандагонро тибқи асосҳои дар қонунгузории амалкунанда, санадҳои меъёрии дохилии Иҷрокунанда ва Шартномаи мазкур пешбинишуда, хориҷ намояд;

- Шартномаи мазкурро дар ҳолатҳои зерин яктарафа бекор намояд:

а) аз ҷониби Фармоишгар дар давоми 15 рӯзи корӣ пардохт нашудани музди хизматрасониҳои омӯзишӣ;

б) ғайриимкон гаштани пешниҳоди хизматрасониҳои омӯзиши дар натиҷаи амалӣ (беамалии) Шунавандагон;

в) ҳангоми хориҷ намудани Шунаванда ҳамчун татбиқи чораи интизомӣ;

г) тибқи дигар асосҳои дар қонунгузории амалкунанда пешбинишуда.

 

2.2. Фармоишгар ҳуқуқ дорад:

- аз Иҷрокунанда хизматрасонии омӯзишии босифатро талаб намояд;

- аз Иҷрокунанда маълумот доир ба ташкил ва ҷараёни курсҳои омӯзиширо дархост намояд;

- аз Иҷрокунанда маълумоти пурра ва саҳеҳ вобаста ба баҳогузории дониши Шунавандагонро дархост намояд.

 

2.3. Иҷрокунанда уҳдадор аст:

- мутобиқи нақшаи курсҳои омӯзишӣ Шунавандагонро дар самти МҚД/МТ/МПСҚО бо сифати баланд омӯзонад;

- курсҳои омӯзиширо бо истифода аз маводи таълимии муносиб ташкил намояд;

- бо дархости Фармоишгар ба ӯ маълумотро вобаста ба тартиб ва ҷараёни курсҳои омӯзишӣ пешниҳод намояд;

- пас аз гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва бо муваффақият супоридани имтиҳон, ба Шунаванда сертификати дахлдорро супорад;

- дар ҳолати ба пуррагӣ иштирок накардан дар курсҳои омузишӣ ва насупоридани имтиҳон Шунаванда бо сертификат таъмин карда намешавад;

- Фармоишгарро доир ба ғайриимкон будани гузаронидани курсҳои омӯзишӣ 5 рӯз қабл аз оғози курсҳо огоҳ намояд.

 

2.4. Фармоишгар уҳдадор аст:

- ҳозиршавии саривақтии Шунавандагонро ба курсҳои омӯзишӣ ва иштироки онҳоро таъмин намояд;

- саривақт, мутобиқи ин Шартнома, пардохти музди омӯзишро таъмин намояд.

3.      Нархи курсҳои омӯзишӣ ва тартиби ҳисоббаробаркуниҳо

3.1. Барои пешниҳоди хизматрасонии омӯзишӣ Фармоишгар ба Иҷрокунанда маблағро мутобиқи нархномаи Иҷрокунанда (Замимаи №2), ки аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудааст, пардохт менамояд.

3.2. Пардохти ҳаққӣ хизматрасонӣ мутобиқи ин Шартнома ба таври ғайринақдӣ дар давоми 5 (панҷ) рӯзи корӣ пас аз пешниҳоди ҳисобнома-фактура амалӣ карда мешавад.

 

 

4.      Масъулияти Тарафҳо

4.1. Барои дар давраи муқарраршуда пешниҳод накардани хизматрасонии омӯзишӣ, Иҷрокунанда уҳдадор аст ба Фармоишгар ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 0,1 % аз маблағи умумии Шартномаи мазкур барои ҳар рӯз аз муҳлати муқарраргардида пардохт намояд.

4.2. Барои риоя накардани муҳлати пардохт барои хизматрасониҳо мутобиқи банди 3.2. ин Шартнома, Фармоишгар уҳдадор аст ба Иҷрокунанда ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 0,1 % аз маблағи умумии Шартномаи мазкур барои ҳар рӯз аз муҳлати муқарраргардида пардохт намояд.

4.3. Пардохти ҷубронпулӣ Тарафҳоро аз иҷрои уҳдадориҳои худ ва бартараф намудани камбудиҳо озод наменамояд.

4.4. Ҳангоми аз ҷониби Шунаванда мунтазам вайрон намудани интизом, иҷро накардани нақшаи таълимӣ, бидуни сабабҳои урзнок ҳозир нашудан, Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад Шунавандаро хориҷ намояд ва фавран Фармоишгарро огоҳ намояд. Маблағҳои барои омӯзишӣ чунин Шунаванда пардохтшуда ба Фармоишгар баргардонида намешаванд.

4.5. Фармоишгар барои ҳама гуна вайронкуниҳои Шунаванда дар ҷараёни курсҳои омӯзишӣ, ки боиси расонидани зарар ба молу мулки Иҷрокунанда гардидааст, масъулият дорад.

4.6. Масъулияти Тарафҳо, ки дар ин Шартнома пешбинӣ нагардидаанд мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

5. Тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо

5.1. Баҳсҳо ва ихтилофот, ки дар мавриди амалӣ намудани муқаррароти ин Шартнома пайдо мешаванд, бо гуфтушунид ҳал мешаванд.

5.2. Дар сурати ғайриимкон арзёби гардидани созиш байни Иҷрокунанда ва Фармоишгар доир ба баҳсу ихтилофоти ба вуҷуд омада, масъалаи мазкур мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти судӣ ҳал карда мешавад.

 

6. Муқаррароти хотимавӣ

6.1. Шартномаи мазкур аз рӯзи ба имзо расидан эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуда, бе муҳлат амал менамояд.

6.2. Тағйиру иловаҳо ба Шартномаи мазкур тариқи созишномаи иловагӣ ба расмият дароварда мешаванд.

6.3. Дигар шартҳое, ки дар Шартномаи мазкур пешбинӣ нашудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

6.4. Ин Шартнома дар ду (2) нусха тартиб дода шудааст, ки қувваи ҳуқуқии баробар доранд. Ба ҳар Тараф як (1) нусхаи баимзорасидаи ин Шартнома пешниҳод мегардад.

 

7. Суроға ва мушаххасоти бонкӣ

 

Иҷрокунанда

Фармоишгар

Бонки миллии Тоҷикистон

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107 A

Суроға:

Тел.: (+992) 44 600 36 87

Тел.:

Факс: (+992) 44 600 36 87

Факс:

Бонки миллии Тоҷикистон

Бонк:

Суратҳисоб: 28602972300043

Суратҳисоб:

БИК 350101101

БИК

ИНН 010008715

ИНН

ОКПО 00033258

ОКПО

Раиси

Бонки миллии Тоҷикистон

___________________

Ҷ.М.

 

 

 

 

 

 

Ҷ.М.