Маълумот оид ба таъсисёбии Марказ
Дар асоси банди 4-и Нақшаи амалисозии “Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025” тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №166 аз 7 декабри соли 2018 Маркази омӯзишӣ-методии Департаменти мониторинги молиявӣ таъсис дода шуд.
27 марти соли 2019 ба Марказ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон АУ №0002733 дода шуд.