Маркази омӯзишӣ-методии Департаменти мониторинги молиявӣ

01.08.2019

Нахустин курси омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО барои мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ баргузор гардид

Аз 22 то 26 июли соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявӣ нахустин курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) барои кормандони ташкилотҳои қарзӣ гузаронида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки курси омӯзишӣ бо иштироки коршиносони варзида, ки бевосита дар низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО фаъолият менамоянд ва аз курси махсуси соҳавӣ дар хориҷи кишвар гузаштаанд, баргузор гардид.

Шунавандагони курс бо самтҳои мухталифи мавзӯҳои марбут ба МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи мазкур, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, шинос шуданд. Дар ҷараёни чорабинии мазкур лекторон бо рунамоҳҳои диққатҷалбкунанда баромад карданд ва ба саволҳои шунавандагон посухҳои аниқ доданд.

Дар фарҷоми курсҳо шунавандагон ба саволҳои тест бо таври мушаххас ҷавоб пешниҳод карданд.

Шунавандагони курс пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ дониши худро дар самти МҚД/МТ/МПСҚО васеъ намуда, дар фаъолияти худ истифода менамоянд. Бояд қайд намуд, ки ба шунавандагони курсҳои омӯзишӣ сертификат доир ба хатми курси умумӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО пешниҳод карда шуд.

Маълумот:

Қайд кардан зарур аст, ки Маркази омӯзишӣ – методӣ барои рушди захираҳои зеҳнии кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №166 аз 7 декабри с. 2018 дар назди Департаменти мониторинги молиявӣ таъсис ёфта, 27 марти с. 2019 ба он иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон АУ №0002733 барои гузаронидани курсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои омӯзишӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дода шуд.

Шуъбаи матбуот

Бозгашт