Вазифаҳо

Вазифаҳо

Шунавандагон зимни курсҳои омӯзишӣ бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла пайдоиш ва инкишофи шаклҳои қонунигардонии даромадҳо, терроризм ва маблағгузории он, ва инчунин маблаггузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ошно мегарданд. Курсҳои омузишӣ барои шунавандагон на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки амалӣ низ доранд.

Шунавандагон бо донишҳои кофии назариявӣ роҷеъ ба усулҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, тартиби гузаронидани тафтишоти молиявии ҳамзамон, санҷиши дахлдори муштарӣ, баҳодиҳии ҳавфҳои мавриди истифода қарор додани ташкилотҳои гайримолиявӣ барои мақсадҳои ҚД ва дигар самтҳои алоқаманд шинос мегарданд. Пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ шунавандагон метавонанд дониши худро дар самти МҚД/МТ/МПСҚО васеъ намуда, дар фаъолияти минбаъда татбиқ намоянд.

Ташкили низоми бисёрзинагии омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ва ё дигар молу мулк амалиёт анҷомдиҳанда дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) ба шумор меравад.