Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили доимамалкунандаи машваратӣ мутобиқи моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Низомномаи Кумита сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Фаъолияти Кумита бо мақсади қабули қарор марбут ба таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии кишвар баҳри нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳо дар давраи дарозмуҳлат, муайяннамоии параметрҳо ва афзалиятҳои он ҷиҳати танзими меъёри фоизӣ ва нигоҳдории мувозинати бозори пулӣ равона карда шудааст.
Нақшаи баргузории ҷаласаҳои Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2018
Низомнома Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ
Ҷаласаҳои Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017