- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
- Таваррум дар моҳи январ0,7%
- 9,5%
- Пулҳои захиравӣ (январ), млрд. сомонӣ22,5
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 05 феврали с.2021)11,00 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (Январ)10,34
- Меъёри фоизӣ дар соли 2021
(% солона) - Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ)8,51
- Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ)24,04
- Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ)13,00
- Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (январ)22,05
- Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (январ)21,73
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 09.03.2021 1 USD 11.3045 1 EUR 13.4987 1 RUB 0.1509
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2019
- Соли молиявии 2018
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Ахбор
10 феврал тамоми рӯз қурби хариду фурӯши доллари ИМА, ки аз ҷониби нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе пешниҳод мешуд, амалан тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 3,74-3,77 сомонӣ боқӣ монд.
9 феврали соли 2009 муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар сатҳи ҳаҷмҳои миёнаи омории хариду фурӯши асъори хориҷӣ анҷом дода шуданд.
Субҳи 10 феврали соли равон дар маҷмӯъ дар шаҳри Душанбе қурби миёнаи мубодилавӣ дар сатҳи дирӯза нигоҳ дошта шуда, 3,75-3,77 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил намуд.
Рӯзи душанбе, 9 феврал нуқтаҳои мубодилаи асъор ба муштариён қурби хариду фурӯши асъорро ба ҳисоби миёнаи 3,74-3,78 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешниҳод намуданд.
Мувофиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2009 бо мақсади самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд ва барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон аз 13,5 фоизи солона то 12, 0 фоизи солона паст карда шуд.
Масъалаҳои мубрами низоми бонкдорӣ, рушди иқтисоди кишвар ва мавзуъоти дигар соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 27 январи соли 2009 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид ва он ба натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2008 бахшида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар он аъзои раёсати БМТ, роҳбарият ва сардорони Идораю шӯъбаҳои бонк ширкат вариданд.
Рӯзи душанбе доллар болоравии пирӯзонаи худро идома дода, нисбати қариб ҳамаи асъори асосии сайёра тақвият ёфт. Дар Русия он ҳатто кӯшиши аз нуқтаи 28 рубл гузаштанро кард, вале аз ҷониби Бонки марказӣ ба монеа мувоҷеҳ гашт ва дар қарибии 6 копейка аз мақсад қарор гирифт. Чаро доллар боло меравад, дар сурате, ки иқтисодиёти Амрикоро бӯҳрон фурӯ бурда истодааст? Муҳимтар аз ҳама, то кай ин идома хоҳад ёфт? Таҳлилгарони молиявӣ айни замон “толеъномаҳо”-и худро нисбати доллар барои соли оянда омода карда истодаанд, ки пешгӯиҳои онҳо тасаллибахш нестанд. Бисёриҳо бар он назаранд, ки қисмати аввали сол барои асъори амрикоӣ мусоидат мекунад, вале оғоз аз қисмати дуввуми он асъори номбурдаро масоили ҷиддӣ интизор аст. Зеро Амрико ба хотири раҳоӣ аз бӯҳрон дастгоҳи чопи пулро бо тамоми қудраташ ба кор даровардааст...
23 октябри соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли 2008 ҷамъбаст гардиданд. Дар оғози сӯҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода дар назди рӯзноманигорон суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ афзоиши воқеии истеҳсолот, рушди мӯътадили иқтисодиёт ва беҳтаршавии вазъи макроиқтисодӣ идома ёфт.
Ахбор 4225 - 4232 аз 4318
Аввал | Пешӣ | 527 528 529 530 531 | Баъдӣ | Охир
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Э.Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ