10.05.2013
Афви маблағҳои пулии шаҳрвандон имконияти қарздиҳии бонкҳоро васеъ кард
Ҷавоб ба мақолаи «Отмыли и забыли?»- и Игор Лекаркин, ҳафтаномаи «Азия-Плюс» (№20 аз 14 марти соли 2013)
Дар робита ба саҳми пулҳои ҷалбшуда ба рушди иқтисодиёти миллӣ пас аз гузаронидани чорабинӣ оид ба афви маблағҳои пулии шаҳрвандон дар моҳи июни соли 2003 қайд намудан зарур аст, ки як қисмати муайяни маблағҳои ба расмият дароварда (18,2%), дар низоми бонкӣ боқӣ монд. Дар маҷмуъ, дар давоми бештар аз ду моҳи барои ин чорабинӣ ҷудошуда маблағи зиёда аз 589 млн. сомонӣ ба расмият дароварда шуда буд.
Акнун рӯ меорем ба факту рақамҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат дар ҳамон шабу рӯз. Таваҷҷуҳ намоед, дар соли 2003 даромади умумии буҷети давлатӣ ҳамагӣ 776,3 млн. сомонӣ ва ММД-и номиналӣ 4’761,4 млн. сомониро ташкил дода буд. Маблағе, ки дар натиҷаи афви маблағҳои пулии шаҳрвандон ба даст омад, 76 фоизи даромади умумии буҷети давлатӣ ва 12 фоизи ММД-и ҳамон солро ташкил намуд. Танҳо ба таври мисол овардани рақамҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки то чи андоза дар он шабу рӯз гузаронидани ин маъракаи молиявӣ барои таҳкими иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим ва саривақтӣ буд. Илова бар ин, иқдоми зикршуда барои боло рафтани эътимоди мардум ба низоми бонкии мамлакат як такони ҷиддӣ бахшид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки вақте пасандозҳо ва амонатҳо дар шакли маблағҳо ба тавозуни бонк ворид гашта, дар суратҳисобҳо нигоҳ дошта мешаванд, дар навбати худ онҳо чун қарзҳои гуногун барои дастгирӣ ва маблағгузории бахши хусусӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, фаъолияти соҳибкории хурду миёна равона мегарданд. Масалан, дар соли 2003 ҳаҷми бақияи қарзҳо ҳамагӣ қариб 672 млн. сомониро ташкил дода буд, ҳол он ки соли гузашта ин нишондиҳанда қариб ба 5,7 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Аз ин рӯ, оид ба саволе, ки оё чорабинии афви маблағҳои пулии шаҳрвандон ба рушди соҳаҳои мухталифи кишвар таъсир дошт ё не, албатта, бидуни шубҳа метавон изҳор намуд, ки саҳми назаррасе гузошт.
Дар мақолаи «Отмыли и забыли?» муаллифи он Игор Лекаркин оид ба истифода ва саҳми ин маблағҳо ба чашми шак нигариста, шубҳа дорад, ки ба андешаи мо, ин назари хусусии хабарнигор мебошад.
Гузашта аз ин, гузаронидани марҳила ба марҳилаи ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ҷиҳати васеъ кардани хизматгузориҳо, такмили қонунгузорӣ ба тақвият ёфтани мавқеи ташкилотҳои қарзӣ мусоидат намуданд. Дар ин бора хонандагони гиромӣ метавонанд аз сомонаи БМТ маълумоти заруриро дастрас намоянд. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои сомонаи бонк ҳамаи далелҳо ва маълумотҳои зарурӣ вобаста ба рушди низоми бонкӣ, зиёд шудани шумораи ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ оварда шудаанд.
Вобаста ба эътимод ва боварии мардум ба низоми бонкӣ пас аз гузаронидани афви маблағҳои пулии шаҳрвандон қайд кардан бамаврид аст, ки маълумотҳои омории мавҷуда низ дар бораи сол ба сол зиёд шудани ҳаҷми пасандозҳо далели то чи андоза баланд шудани ин боварии мардум мебошад.
Барои исботи фикри боло ба нишондиҳандаҳо оид ба ҳаҷми пасандозҳои чанд соли пеш назар меандозем. Барои мисол, соли 2003 дар низоми бонкии мамлакат ҳамагӣ 242,5 млн. сомонӣ амонатҳо ҷамъоварӣ шуда буданд. Соли 2006 бошад, ин нишондиҳанда ба 1,1 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Дар маҷмуъ, алҳол дар низоми бонкӣ қариб 4,9 млрд. сомонӣ амонатҳо маҳфуз аст ва он назар ба даҳ соли пеш бештар аз 19 маротиба зиёд мебошад. Тавре аз таҳлили боло бармеояд, маблағҳои пасандозу амонатҳо дар бонкҳо на бо фоиз, балки даҳҳо маротиб афзудаанд, ки шарҳи ин раванд ҳоҷат ба баён намебошад.
Ва ниҳоят, ҳамаи ин далелу рақамҳои оварда аз боварии мардум ба бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дарак медиҳанд. Бо вуҷуди ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ин ҳама дастовардҳо нигоҳ накарда, барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти низоми бонкии ҷумҳурӣ навгониҳо ва ислоҳоти соҳаро идома медиҳад.
Хадамоти матбуоти
БМТ