Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2013

Бойгонии ахбор
29.01.2014

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2013

    Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2013, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, низоми пардохт, афзоиши пасандозҳо, қурби пули миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 29 январи соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ барои ҷамъи хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
    Тавре дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор дошт, дар соли 2013 бинобар кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва омилҳои берунии ба иқтисодиёт таъсиррасон нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар сатҳи муътадил қарор доштанд.



    Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ
    Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2013 ба 40,5 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба соли қаблӣ 7,4 фоизро ташкил намуд. (барои маълумот, ба ҳар сари аҳолӣ 5000,6 сомонӣ ё 1014 доллари ИМА рост меояд)
    Тавваррум
    Раиси Бонки миллии Тоҷикистон кайд намуд, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 меъёри таваррум 3,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 2,7 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 3,2 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 6,1 фоиз ва хизмат-расониҳои пулакӣ 0,8 фоиз ба миён омад.
    Дар соли ҳисоботӣ коҳишёбии нархи орди навъи якум (11,7 фоиз), ки нақши он дар сабади истеъмолӣ аз ҳама зиёд (14,7 фоиз) аст, бевосита ба пастравии нисбии сатҳи таварруми маводи хӯрокворӣ мусоидат намуд.       
    Тавре номбурда иброз дошт, дар баробари ин, коҳишёбии нархи маҳсулоти асосии ғайрихӯрокворӣ ба монанди бензин ва гази моеъ нисбат ба аввали сол мувофиқан 14,3 фоиз ва 6,9 фоиз назаррас буд. (Барои маълумот: тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ дар интиҳои соли 2013 дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум 16,2 фоиз паст ва нархи нафт 0,9 фоиз баланд гардид).
    Аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2013 сатҳи таварруми аслӣ (бе назардошти таъсири омилҳои берунӣ, мавсимӣ ва маъмурӣ) 1,3 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,2 банди фоизӣ кам мебошад.
    Қурби пули миллӣ
    Дар рафти нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки қурби расмии пули миллӣ дар давоми сол тағйирёбии муътадил дошта, нисбати доллари ИМА аз 4,7644 сомонӣ то 4,7741 сомонӣ ё худ 0,2 фоиз (0,1 фоиз дар соли 2012) тағйир ёфт.
     Тавозуни савдо
    Дар соли гузашта гардиши савдои хориҷӣ 5,3 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дод ва нисбат ба соли қаблӣ 2,9 фоиз зиёд шуд. Дар ин давра ҳаҷми содирот 14,4 фоиз коҳиш ёфта, ба 1,2 млрд. долл. ИМА расид, воридот бошад, 9,1 фоиз афзуда, 4,1 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуд. Касри тавозуни савдо ба 2,9 млрд. долл. ИМА баробар шуда, нисбат ба соли қаблӣ 22,3 фоиз зиёд шуд.
    Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон
    Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2013 вобаста ба вазъи иқтисодию-молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро барои рушди боэътидоли ҳаҷми пул, устувории қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум амалӣ намуд.


  
    Абдуҷаббор Ширинов махсус иброз доштанд, ки бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи зарурии ҳаҷми пул дар муомилот фишангҳои монетарӣ, аз қабили меъёри бозтамвил, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва бозори байнибонкии асъор мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, соли 2013 бо назардошти паст гардидани фишорҳои таваррумӣ меъёри бозтамвил тадриҷан аз 6,5 фоиз то 5,5 фоизи солона паст карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, ба хотири таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва рушди соҳаи қарздиҳӣ бетағйир (барои пасандозҳо бо пули миллӣ дар сатҳи 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ дар сатҳи 7,0 фоиз) нигоҳ дошта шуданд. Меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 18,0 фоиз то 17,3 фоиз коҳиш ёфт.
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 5,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 18,2 фоиз зиёд шуд.
    Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилот буда ба 4,5 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки аз он 28,7 млн. сомониашро тангаҳои филизӣ ташкил медиҳанд.      
    Дар давраи ҳисоботӣ 2,0 млрд. сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 850,5 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.
    Рушди низоми бонкӣ
    Ҳамчунин қайд гардид, ки шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 137 ададро ташкил намуд, аз ҷумла: 16 бонк, 1 ташкилоти карзии ғайрибонкӣ, 39 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд, 39 фонди қарзии хурд ва 398 филиалҳо. Дар ин давра шумораи бонкҳо тағйир наёфт, вале ташкилотҳои маблағгузории хурд ба миқдори 5 адад кам шуданд. Филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ бошад, нисбат ба соли гузашта 72 адад зиёд гардиданд.
    Дар давоми соли ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 1426 адад нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба аввали сол 202 адад зиёд мебошад. Ҳамзамон, 1329 адад нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ дар кишвар фаъолият доштанд, ки нисбат ба ибтидои сол 427 адад зиёд аст.
    Ба ақидаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими низоми бонкӣ дар соли гузашта ба фаъолият шуруъ кардани Бюрои қарзӣ мебошад, ки ба туфайли он тибқи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»(Doing bizness) баҳодиҳии имконияти дастрасӣ ба қарз Тоҷикистон дар соҳаи низоми молиявӣ ба 23 зина баланд карда шуд.
    Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ тавассути низоми бонкӣ аз хориҷи кишвар 136,7 млн. долл. ИМА маблағҳои қарзии дарозмуҳлат ҷалб карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 57,5 млн. долл. ИМА зиёд мебошад.       
    Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶСК «Бонки Эсхата» соли 2013 тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузории Федератсияи Русия узви комилҳуқуқи Биржаи байнибонкии асъори ш.Москва гардиданд.                   
    Пасандозҳо

    Абдуҷаббор Ширинов зимни гузориши ҳисобот таъкид намуд, ки афзоиши пасандозҳо дар соли 2013 нисбат ба соли гузашта 11,9 фоизро ташкил дода, дар маҷмуъ ба 5,5 млрд. сомонӣ баробар шуд.
    Агар ба ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо назар андозем, дида мешавад, ки онҳо дар соли 2013 мувофиқан 32,0 ва 68,0 фоизро ташкил доданд. Аз ҷумла, ҳаҷми бақияи пасандозҳо нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 9,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,0 фоиз афзоиш ёфт.
    Қайд кардан бамаврид аст, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ин давра 24,3 фоиз зиёд гардида, 3,7 млрд. сомониро ташкил доданд.
    Фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатдор бо пули миллӣ 15,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 бо пули миллӣ 0,03 банди фоизӣ зиёд ва бо асъори хориҷӣ 1,1 банди фоизӣ кам гардиданд.
    Қарзҳо
    Ҳамчунин иброз шуд, ки бақияи қарзҳои низоми бонкӣ 38,9 фоиз зиёд гардида, дар интиҳои соли ҳисоботӣ ба 7,5 млрд. сомонӣ баробар шуд.        
    Таркиби сохтори он аз 40,5 фоизи қарзҳо бо пули миллӣ ва 59,5 фоизи боқимондаи қарзҳо бо асъори хориҷӣ иборат мебошад.
    Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ин давра 8,9 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 26,4 фоиз зиёд гардид. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда бошад, ба 6,7 млрд. сомонӣ расид.
    Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 23,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,5 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли 2012 бо пули миллӣ 3,4 банди фоизӣ зиёд ва бо асъори хориҷӣ 0,7 банди фоизӣ кам гардид.
    Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли қаблӣ 50,0 фоиз зиёд гардид ва 4,7 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 898,9 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбати соли қаблӣ 41,6 фоиз зиёд мебошад.


    
    Низоми пардохт

    Шумораи умумии пардохтҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар ин давра 31,4 фоиз зиёд гардида, ба 31,8 млн. адад баробар шуд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 459,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 48,7 фоиз афзудааст, илова намуд А. Ширинов.
    Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 13 адад бонкҳо-эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият дошта, 761260 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот баровардаанд, ки нисбати соли гузашта 41,2 фоиз зиёд аст. Теъдоди дорандагони кортҳои пардохтӣ 745559 ададро ташкил намуд, ки назар ба соли қаблӣ 43,2 фоиз зиёд мебошад.
     Илова бар ин, дар соли 2013 теъдоди банкоматҳо ба 548 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ба 739 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба 343 адад баробар шуд, ки нисбат ба соли 2012, мувофиқан 119 адад, 251 адад ва 78 адад зиёд гардиданд.
    Дар ин давра шумораи умумии ҳисобҳои бонкии барои мизоҷон кушодашуда 1 558 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбати соли 2012 388,0 ҳазор адад ё худ 33,2 фоиз зиёд мебошад.
    Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ, ки бештар аз як соат идома ёфт ва ба қавли бештари рӯзноманигорони ҳузурдошта, боз ҳам шавқовару ҷолиб гузашт, хабарнигорони васоити ахбори дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди навигариҳо ва масъалаҳои мухталифи низоми бонкӣ, аз қабили болоравии нархҳо, дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, тағйирёбии қурби асъор, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи Бонки миллии Тоҷикистон дар бонки «Конт», сатҳи таваррум, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ, пайдо шудани пулҳои қалбакӣ, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, бозпас гирифтани пулҳои фарсуда, истифодаи кортҳои пардохтӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, фоизи қарзҳои имтиёзнок, таъмини амнияти амонати шаҳрвандон ҷавобҳои пурра ва саҳеҳ гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку