Ҳаҷми ММД ба 7,8 млрд. сомонӣ баробар шуд

Бойгонии ахбор
05.05.2014

Ҳаҷми ММД ба 7,8 млрд. сомонӣ баробар шуд

Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва татбиқи сиёсати пулии кишвар дар семоҳаи аввали соли 2014

    Вазъи иқтисодиёти кишвар дар моҳҳои январ-марти соли 2014 сарфи назар аз коҳишёбии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони савдо ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои молиявии ҷаҳон дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт.
    Ҳаҷми ММД дар ин давра ба 7,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,0 фоизро ташкил намуд. Рушди бештар дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, сохтмон - 38,1 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ - 13,6 фоиз, гардиши савдои чакана - 13,1 фоиз, саноат - 3,6 фоиз ва хизматрасонӣ - 3,4 фоиз ба қайд гирифта шуд.
    Дар семоҳаи аввали соли 2014 раванди нисбатан номуътадили сатҳи нархҳои маҳсулоти воридотӣ ҳамчун омили беруна ва болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардум (картошка, сабзӣ, пиёз ва маҳсулоти гуштӣ) ҳамчун омили мавсимӣ ба болоравии сатҳи таваррум таъсир расонид. Дар натиҷа ин нишондиҳанда 2,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 банди фоизӣ зиёд аст. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ - 8,2 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ - 2,2 фоиз ба вуқуъ пайваст.
    Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 4,8 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 банди фоизӣ кам мебошад.
    Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар давраи ҳисоботӣ 1,2 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таварруми аслии солона бошад, дар ин семоҳа ба 2,3 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.
    Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 1,2 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 фоиз кам аст.
    Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 30,4 фоиз зиёд ва бо кишварҳои хориҷаи дур 25,1 фоиз коҳиш ёфт. Ҳаҷми содироти молҳо дар ин давра бинобар коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз кам гардида, 227,6 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод. Воридоти молҳо бошад, бинобар зиёд гардидани даромаднокии аҳолӣ ва ба ин васила зиёд гардидани унсури талабот нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10,7 фоиз зиёд гардида, 927,4 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд. Вобаста ба ин, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамбаст гардида, ба 699,8 млн. долл. ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,9 фоиз зиёд мебошад.
    Дар семоҳаи аввали соли 2014 Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати пулию қарзиро барои иҷрои сатҳи дурнамои пулҳои захиравӣ, муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ равона намуд. Вобаста ба ин, дар ин давра меъёри бозтамвил аз 5,5 фоиз то 4,8 фоизи солона паст карда шуда, меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод мешаванд, бо назардошти фоизи қарзҳои байнибонкӣ тағйир ёфт (то 19,2 фоиз).
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномавӣ ба ҳисоб меравад, ба ҳолати 31 марти соли равон 5,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 25,1 фоиз ва нисбат ба аввали сол 3,7 фоиз афзоиш ёфт.
    Вобаста ба рушди бахшҳои иқтисодиёт афзоиши ҳаҷми пул (М3) ба ҳолати 31 марти соли 2014 нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 21,8 фоиз ва нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул (М4) 21,1 фоизро ташкил намуданд.          
    Бонки миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2014 вобаста ба вазъи иқтисодию-молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро амалӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул, устувории қурби пули миллӣ ва таъмини фаъолияти солиму устувори низоми бонкии кишвар мусоидат намуд.

Департаменти сиёсати пулӣ

Возврат к списку