Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи "СССР"
Одинашо Муродов
1.Чаро як аудитор (манзур муҳтарама Гуланор Атобек-аудитор ва директори ҶДММ «Делойт ва Туш») ҳарчанде ширкате, ки он кас роҳбарӣ мекунад аввал дар Қирғизистон ва баъд дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, алайҳи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро тӯли 5 сол руи ҳам таҳти санҷиши аудиторӣ қарор додааст?» Қабл аз ҳама изҳор менамоем, ки тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2005, №126 ва дар асоси дархости роҳбари Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Делойт ва Туш» (Ҷумҳурии Қирғизистон) Тентиев А. ба ҷамъияти номбурда иҷозатнома барои гузаронидани санҷиши аудитории бонкҳо дода шуд.
Бо қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2008, №445 ва дар асоси дархости Директори генералии ширкат Гуланор Атобек ба ҶДММ «Делойт ва Туш» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷозатнома ҷиҳати фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ ба муҳлати 5 сол дода шуда буд. Бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи зикршуда тибқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2013, №338 иҷозатномаи қаблан ба ҶДММ «Делойт ва Туш» додашуда, аз нав ба расмият дароварда шуд.
Дар асоси иҷозатномаҳои гирифташуда ва талаботи қонуни дар ҳамон вақт амалкунанда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ») аудити БДА ҶТ «Амонатбонк» аз ҷониби ҶММ «Делойт ва Туш» (Ҷумҳурии Қирғизистон) 2 маротиба (солҳои 2006-2007) ва ҶДММ «Делойт ва Туш» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) 3 маротиба (2008-2010) гузаронида шудаанд ва нусхаҳои хулосаи аудиторӣ аз тарафи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар муҳлатҳои муқарраршуда ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Ба диққати муаллиф мерасонем, ки ҶДММ «Делойт ва Туш» пай дар пай зиёда аз 5 маротиба аудити БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро нагузаронидааст, ба ибораи дигар гӯем, ширкати мазкур талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон накардааст.
2.Чаро банди 8-и моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон »Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» (таҳрири соли 2006) ба моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мухолифат мекунад? Дар саволи боло истинод ба моддаи қонун чандон саҳеҳ нест, зеро соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» (таҳрири соли 1998) амал мекард ва тибқи он моддаи 45 – ҷавобгарӣ барои вайронкунии ин қонун ном дошт ва аз чор қисм иборат буд. Муаллиф ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ишора кардааст, вале таҳрири кадом сол будани онро мушаххас нишон надодааст. Бинобар ин, дар саволи боло ба таври возеҳ равшан нест, ки муаллифи дархост чиро дар назар дорад.
3.Чаро БМТ ба ҶДММ «Дейлот ва Туш» 2 бор (соли 2005 ва 2008) бар хилофи моддаи 9-и Қонуни ҶТ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 29 апрели соли 2004, таҳти №535 ва боби 3-и Низомнома «Оид ба махсусияти иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатномаҳои қалбакӣ (берақам ва дигар муқаррароти бланкаҳои махсус) додааст? Моддаи 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пешниҳоди ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани иҷозатнома пешбинӣ менамояд. Тибқи боби 3 Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 03.04.с.2007 иҷозатномаҳои ба ҶДММ «Делойт ва Туш» додашуда қалбакӣ набуда, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудаанд ва нусхаи онҳо маҳфуз мебошанд. Дар ин санадҳо танҳо рақами қайди онҳо нишон дода нашудааст, ки ин амал барои ҳамчун қалбакӣ шуморидани иҷозатномаҳо асос шуда наметавонад.
4.То кадом дараҷа фаъолияти «Делойт ва Туш»-ро дар мавриди фаъолият бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, баргузории аудити ғайриқонунии 5- солаи Амонатбонк баҳогузорӣ мекунед ва оё дар ин ҳолат хулосаҳои аудитории ин ширкат дар мавриди ин ташкилоти мӯътабар қобили қабул хоҳад буд ё не?? Бо вуҷуди ин ки дар қисмати ҷавоб ба саволи 3 ба ин масъала дахл карда будем, такроран иброз медорем, ки иҷозатномаҳои ҶДММ «Делойт ва Туш» дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудаанд ва қонунӣ мебошанд.
Илова бар ин, мутобиқи қисми 4 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» (аз 19.05.с.2009, №524) муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» татбиқ мегардад. Аз ин рӯ, тасдиқ мешавад, ки аудитҳои охир дар БДА «Амонатбонк» ба таври қонунӣ гузаронида шудаанд ва хулосаҳои аудитории ҶДММ «Делойт ва Туш» бешубҳа қобили қабул мебошанд. Баъд аз қабули таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» аз 16 апрели соли 2012 аудити берунаи ҳисоботи молиявии ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳар сол гузаронида мешавад.
Вале, мутаассифона, бинобар кам будани ҳаҷми фаъолият ва надоштани имкониятҳои иқтисодӣ барои ҷалби ширкатҳои аудиторӣ як қисми муайяни ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд аз аудити беруна нагузаштаанд.
Ҳамзамон дар баъзе ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд аудити берунаи фаъолияти онҳо барои соли 2013 идома дорад.
Хадамоти матбуоти
БМТ