БМТ танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол берун рафтани қурби асъор ба бозори асъорӣ дахолат менамояд

Бойгонии ахбор
17.07.2014

БМТ танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол берун рафтани қурби асъор ба бозори асъорӣ дахолат менамояд

Ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Усмон Раҳимзода роҳбари Хадамоти матбуоти БМТ Абдуғаффор Қурбонов ҷавоб медиҳад

1. Рӯз ба рӯз қурби доллар дар бозори асъори Тоҷикистон майл ба болоравӣ дорад. Сабаб чист? Минбаъд агар чунин ҳолат идома ёбад, магар қурби сомонӣ паст намешавад?
- Тағйирёбии қурби асъор ҳолати муқаррарии ҳама гуна иқтисодиёт буда, ҳар лаҳза дар тамоми бозорҳои дунё метавонад ба вуқӯъ пайвандад. Чизи асосӣ ва ҳалкунанда дар сиёсати қурбӣ ин таъмини тағйирёбии муътадили қурб аст. Реҷаи расман қабулшудаи қурби сомонӣ, реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муқаррар кардани ҳудудҳои ин шинокунӣ” буда, тибқи он қурби сомонӣ аз рӯи таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар карда мешавад. Зиёдшавии талабот ба асъори хориҷии нақд дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ асосан аз ҳисоби кам гардидани ҳаҷми содирот ва интиқолҳои пулӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, зиёд гардидани ҳаҷми молу маводи аз хориҷа ба ҷумҳурӣ воридгардида, омилҳои мавсимӣ ва вобаста ба таъсири равандҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ якбора паст фаромадани қурби асъорҳои миллии давлатҳои шарикони асосии савдои хориҷӣ ба вуқуъ пайваст (Тибқи маълумоти бонкҳои марказии ин кишварҳо дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ асъори миллии Ҷумҳурии Қазоқистон 19,1 фоиз, Қирғизистон 5,8 фоиз, Узбекистон 3,5 фоиз, Федератсияи Русия 6,0 фоиз, Белорус 6,0 фоиз, Украина 41,7 фоиз, Арманистон 2,1 фоиз, Гурҷистон 2,1 фоиз, Эрон 3,3 фоиз, Чин 0,9 фоиз ва Евро 1,1 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтанд). Бо кам шудани таъсири омилҳои номбурда ва чораҳои фаврии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон андешида, қурби асъори нақди хориҷӣ дар охири моҳи июн ба эътидол омада, аз 5, 15 сомонӣ барои 1 долл. ИМА то ба 5,04 сомонӣ барои 1 долл. ИМА паст фаромад.

2. Устувор будани пули миллӣ ба устувории иқтисодиёти мамлакат вобаста аст. Мегуфтед, ки имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон барои устувор нигоҳ доштани пули миллӣ чӣ корҳоро ба анҷом мерасонад?
- Дарвоқеъ, чун пешрафти иқтисодиёти кишвар дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои бозорӣ амалӣ мегардад, устувории қурби пули миллӣ бо устувории иқтисодиёт алоқамандии зич дорад. Бояд қайд намуд, ки устувории пули миллӣ аз якчанд омилҳо, ба монанди шароити иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон, вазъи макроиқтисодӣ, боварии аҳолӣ ва муҳимтар аз ин сатҳи истеҳсолоти дохилӣ вобастагии зиёд дорад. Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, барои боздоштани болоравии сатҳи таваррум, таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар муомилот, устуворӣ ва фаъолияти босамари низоми бонкӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол берун рафтани қурби асъор Бонки миллии Тоҷикистон ба бозори асъорӣ дахолат намуда, бо истифода аз сиёсати фоизӣ, захираҳои ҳатмӣ, амалиёт дар бозори озод ва дахолатҳои асъорӣ таносуби талабот ва пешниҳоди асъорро танзим менамояд. Бо ин максад Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар бозори дохилии асъор дахолатҳои бевоситаи асъорӣ дар бозори байнибонкии асъор амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷиро анҷом дод.

3. Коршиносони масоили бонкдорӣ бар он назаранд, ки онҳое, ки ки имрӯз дар сари идора кардани пул нишастаанд, барои муътадил нигоҳ доштани асъори дохил ва хориҷи кишвар кори назаррасеро ба анҷом намерасонанд. Шумо чӣ назар доред?
- Ба санаи 1 июли соли равон қурби расмии сомонӣ нисбати долл.ИМА 3,5 фоиз коҳиш ёфт. Бо вуҷуди ин, дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа тағйирёбии қурби пули миллӣ раванди муътадил дорад. Аз ҷумла, тибқи маълумоти бонкҳои марказии Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия, дар ҳамин давра қурбҳои тенгеи қазоқӣ, соми қирғизӣ ва рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА мувофиқан ба андозаи 19,5 фоиз, 5,7 фоиз ва 3,7 фоиз коҳиш ёфтанд.

4. Имрӯз болоравии қурби доллар сабаб шуд, ки аз помидорфурӯш сар карда то гелосфурӯш қиммати нархи маҳсулоташро ба осмони ҳафтум баровардааст. Ҳоло ақидае пайдо шудааст, ки эҳтимоли иваз шудани пули сомонӣ вуҷуд дорад. Ин то кадом андоза ҳақиқат дорад?
- Бояд қайд намуд, ки дар давоми соли равон бинобар кам гардидани пешниҳод ва боло рафтани нархи маҳсулоти сабзавот ва мевагӣ, ки сабаби асосии афзоиши сатҳи таваррум дар кишвар гардидааст, бештар хусусияти кӯтоҳмуддати мавсимиро доро буд. Қабл аз ҳама дар хотир бояд дошт, ки пули миллӣ яке аз пояҳои иқтисодии мустақилият ва давлатдории кишвар ба ҳисоб рафта, мисли суруд, парчам ва нишони миллӣ дар қатори рамзҳои давлатӣ карор дорад. Имрӯз сомонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамчун пули боэътимод ва аз ҷиҳати иқтисодӣ арзишнок дар муомилот гардиш дошта, мавқеи муътадил ва устуворро доро аст ва ягон зарурате барои иваз намудани он вучуд надорад. Ва хама гуна овозаю дарвозахо асоси вокей надоранд. Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон ва хонандагони гиромии ҳафтанома хоҳиш менамоем, ки нисбати пули миллӣ ҳамчун рамзи истиқлолият бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва миллӣ муносибат намоянд ва ба чунин овозаҳои беасос бовар накунанд.

5. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари саррофони дуконҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор аз пеши худ нархи фуруши асъори хориҷӣ, махсусан долларро боло мебаранд. Назорат ва тафтиши нуқтаҳои мубодилаи асъор ба дӯши кист? Агар ин ба дӯши Бонки миллӣ бошад, чаро чунин ҳолатҳо ҷой дораду он назорат намешавад?

- Мутобиқи талаботи Дастурамали дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсӣ ва ташкилотҳои қарзӣ қурби асъори хориҷиро нисбати сомонӣ дар асоси пешниҳод ва талаботи бозор бо санади дахлдор мустақилона муайян мекунанд. Дар тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор тахтаҳои иттилоотӣ мавчуд аст ва дар он санад дар бораи қурби асъор ҷой дода шудааст. Анҷом додани амалиёти мубодилавӣ бидуни санади расмӣ оид ба қурбҳои хариду фурӯш манъ аст. Дар ҳолати аз тарафи хазинадорони нуқтаҳои мубодила бидуни ин санади расмӣ ва берун аз ҳудудҳои он анҷом додани амалиёти мубодила нисбати онҳо аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ, шахси ваколатдор ва ё мақоми назоратӣ чораи интизомӣ (ҷарима ё мувақатан боздоштани фаъолият) татбиқ карда мешавад. Назорати тартиби анҷомдиҳии амалиётҳои асъорӣ, аз ҷумла назорати фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор аз чониби воҳиди дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Дар тахтаи иттилоотии нуқтаҳои мубодилаи асъор телефонҳои кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон навишта шудааст ва ҳар як шаҳрванд метавонад бо мушкилоти худ бевосита муроҷиат намоянд. Мунтазам ҳар моҳ як маротиба ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар муҳлатҳои аз ин ҳам камтар кормандони воҳиди масъули Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъорро месанҷанд. Аз аввали сол то 1 июли соли ҷорӣ аз ҷониби дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон 443 адад нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеъӣ дар ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ санҷида шуд.

6. Оё ҳолатҳое шудаанд, ки аз ҷониби Бонки миллӣ саррофон барои ин корашон ҷарима шуда бошанд?
- Бале, дар ин бахш корҳои муайяне ба анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои вайрон кардани талабот 10 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, ба 125 адади онҳо огоҳӣ дода шуд ва дар маҷмӯъ аз вайронкунандагони талаботҳои мавҷуда 30 200 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

7. Чанде пеш аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун “Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ” дар Тоҷикистон қабул шуд. Шумо, ки бевосита аъзои комиссия пеш аз қабули лоиҳа будед, ки ҳадаф аз қабули чунин қонун чист?
- Низоми бонкдории исломӣ дар айни замон мавқеи ба худ хосро пайдо намуда, диққати низоми бонкии анъанавиро ба худ чалб кардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ талабот ба бонкдории исломӣ ба миён омада, он ба васеъ намудани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи исломӣ, инчунин амонатҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ” асосан барои муҳайё намудани заминаи воқеии меъёрии ҳуқуқии рушди бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Илова бар ин, лоиҳаи мазкур барои таъмини фазои ягонаи рақобатпазири ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам меорад.

8. Солҳои аввали ҷорӣ намудани пули миллӣ пулҳои коғазии 1 дирам, 5 дирам, 50 дирам ва тангаҳои 5 дирам ва 10 дирам дар муомилот буданд. Ҳоло ин пулҳо куҷо шуданд?
- Пулҳои коғазии арзишҳои 1, 5 ва 50 дирам, инчунин тангаҳои филизии арзишҳои 5 ва 10 дирам дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ дар қатори пулҳои арзишҳои дигар гардиш доранд. Пулҳои коғазии номбурда дар муомилот вуҷуд доранд, вале бо миқдори хеле кам, зеро аксаран фарсудаю корношоям шудаанд ва аз ҷониби хазинаҳои ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ гирифта мешаванд. Имрӯз ҷойи ин намуди пулҳои коғазиро тангаҳои филизӣ гирифтаанд ва дар таъмини онҳо ягон мамонияте вуҷуд надорад. Дархости муассисаҳои низоми бонкии ҷумҳурӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пурра таъмин карда мешавад.

Возврат к списку