Имрӯз, 22 июли соли 2014 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ, сатҳи таваррум, низоми пардохт, афзоиши пасандозҳо, қурби пули миллӣ ва дигар масъалаҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ибтидои суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор дошт, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза дар нимсолаи якуми соли 2014, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии молу ашёи асосии содиротӣ, вазъи иқтисодиёти кишвар дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт ва нишондиҳандаҳои муҳими он ба таври зайл ҷамъбаст гардиданд.
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми ММД ба 17,9 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоизро ташкил намуд.
Таваррум Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, тибқи маълумоти агентии омор дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ меъёри таваррум 4,5 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7,0 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 2,4 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,3 фоиз ба вуқуъ пайваст.
Таварруми солона (барои 12 моҳи охир) бошад, дар ин давра 6,6 фоиз ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад. (Барои маълумот: тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ дар давраи баррасишаванда дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум нисбат ба аввали сол 5,1 фоиз ва нафт 1,1 фоиз боло рафт).
Таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон нишон доданд, ки дар нимсолаи якуми соли равон сатҳи таварруми аслӣ (бе дарназардошти таъсири омилҳои беруна, мавсимӣ ва маъмурӣ) 2,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Қурби пули миллӣ Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки қурби расмии пули миллӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тағйирёбии муътадил дошта, нисбати доллари ИМА 3,5 фоиз (0,03 фоиз дар нимсолаи якуми соли 2013) паст гардид.
Тавозуни савдо Гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 2’892,7 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод ва нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 14,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот 14,8 фоиз коҳиш ёфта, ба 521,0 млн. долл. ШМА расид, ҳаҷми воридот бошад, 23,5 фоиз афзуда, 2’371,7 млн. долл. ШМА-ро ташкил намуд. Касри тавозуни савдо ба 1’850,7 млн. долл. ШМА баробар шуда, назар ба нимсолаи аввали соли гузашта 41,4 фоиз зиёд шуд.
Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014 бо назардошти вазъи иқтисодиёт сиёсати пулию қарзиро барои иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои пулӣ, таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва муътадилии ҳаҷми пул дар иқтисодиёт равона намуд.
Номбурда махсус қайд намуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон бо назардошти вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва таъмини рушди низоми бонкии кишвар, меъёри бозтамвил аз 5,5 фоиз то 4,8 фоизи солона паст карда шуд. Вале дар моҳи май бинобар зиёд гардидани фишорҳои таваррумӣ меъёри бозтамвил то 5,9 фоизи солона зиёд карда шуд.
Бо мақсади таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ бетағйир мутаносибан дар сатҳи 5,0 фоиз ва 7,0 фоизи солона нигоҳ дошта шуд, гуфт дар идомаи суҳбат Абдуҷаббор Ширинов.
Инчунин, меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 21,5 фоиз то 18 фоиз тағйир ёфт.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба ҳолати 30 июни соли ҷорӣ, 5’627,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 25,3 фоиз (1’ 137,6 млн. сомонӣ) зиёд аст. Дар ин давра дар муомилот 4,6 млрд. сомонии нақд қарор дошт.
Рушди низоми бонкӣ
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ қайд гардид, ки теъдоди ташкилотҳои қарзӣ ба ҳолати 1 июли соли равон 141 ададро ташкил дод, аз ҷумла: 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд. Дар ин давра шумораи бонкҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 адад ва филиалҳои бонкҳо 6 адад зиёд гардиданд.
Дар интиҳои нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1478 адад нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 117 адад зиёд мебошад. Инчунин, дар қаламрави ҷумҳурӣ 1 632 адад нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ фаъолият дорад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 461 адад зиёд аст.
Пасандозҳо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон диққати аҳли нишастро ба ҳаҷми пасандозҳо ҷалб намуд, ки он ба ҳолати 30 июни соли равон 5,9 млрд. сомониро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 14,5 фоиз зиёд мебошад.
Агар ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷиро дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо таҳлил намоем, маълум мегардад, ки онҳо мувофиқан 32,4 ва 67,6 фоизро ташкил доданд. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 18,8 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,5 фоиз афзоиш ёфт.
Қобили қайд аст, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ 20,1 фоиз зиёд гардида, 4,0 млрд. сомониро ташкил доданд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатдор бо пули миллӣ 15,23 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,99 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 0,17 банди фоизӣ кам гардида, бо асъори хориҷӣ 1,21 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Қарзҳо Таъкид гардид, ки бақияи қарзҳои низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ 34,0 фоиз зиёд гшуда, ба 8,7 млрд. сомонӣ баробар шуд. Аз он 42,1 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 57,9 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил намуданд.
Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ин давра 5,3 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 26,0 фоиз зиёд гардидааст.
Муҳлати миёнаи қарзҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои шахсони воқеӣ 418 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 366 рӯз мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 25,79 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,99 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 1,0 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 2,3 банди фоизӣ зиёд гардид.
Абдуҷаббор Ширинов қарзҳои хурди додашударо мисол оварда иброз намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта онҳо 31,5 фоиз афзуда, 2,9 млрд. сомониро ташкил намуданд. Аз он ҷумла, ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 571,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,4 фоиз зиёд аст.