Боварии аҳолӣ ба бонкҳо зиёд шуда истодааст

Бойгонии ахбор
04.11.2014

Боварии аҳолӣ ба бонкҳо зиёд шуда истодааст

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори радиои “Садои Душанбе” М. Исматулло вобаста ба мавзӯи “Мавқеи қарзи бонкӣ дар пешбурди фаъолияти соҳибкорон ва таъминоти маишии аҳолӣ, роҳҳои босамар истифода бурдани он”

    - Қарзи бонкӣ дар рушди фаъолияти рӯзмарраи аҳолӣ чӣ мавқеъ дорад?!
    - Маъмулан қарзҳо аз тарафи бонкҳо бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва қонеъ намудани зарурати истемолкунандагон равона карда мешаванд. Масалан, қарз ба қарзгирон бо мақсади кумак намудан дар беҳтар кардани шароити манзилии қисми фаъоли аҳолӣ, барои таълимгирии ҷавонон, ки дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, бо мақсади пур кардани воситаҳои гардон, харидан ва навкунии воситаҳои асосӣ, васеъ намудани майдонҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ; парвариши маҳсулоти кишоварзӣ; дастгирии тиҷорати соҳибкорони хурд ва миёна ва ғайра дода мешавад.
    - Чӣ гуна мо метавонем бозори қарзии мамлакатро рушд диҳем ва бо кадом роҳҳо муштариёнро метавонем барои гирифтани қарз аз бонкҳо барои пешбурди фаъолияти худ ҷалб намоем?!
    - Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид баҳри рушди қарздиҳӣ ва паст намудани фоизи қарзии бонкӣ меъёри бозтамвилро дар сатҳи 6,9 фоизи солона муқаррар намуда, меъёри захираҳои ҳатмиро барои амонатҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқан то 5 ва 7% паст кардааст.
    Бақияи умумии сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ дар санаи 30 сентябри соли равон 9 044,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла бонкҳо 7 350,3 млн. сомониро ташкил намуд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба охири соли гузашта барои ташкилотҳои қарзӣ 1 645,7 млн. сомонӣ ё 22,2%, аз ҷумла бонкҳо 1 329,2 млн. сомонӣ ё 22,1% зиёд шудааст. Бояд қайд намуд, ки бонкҳо асосан ба соҳаҳои соҳибкории хурду миёна ва тиҷоратӣ маблағгузорӣ кардаанд.
    Яке аз сарчашмаҳои асосии захираҳои қарзии бонкҳо ин пасандозҳои аҳолӣ мебошад. Қобили қайд аст, ки солҳои охир бонкҳои ҷумҳурӣ фаъолияти хешро дар бахшҳои гуногуни бонкдорӣ ҷоннок намуда, ба афзудани ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо ноил гардиданд. Муҳимтар аз ҳама сол то сол боварии аҳолӣ ба бонкҳо зиёд шуда истодааст. Дар ин ҷода барои боз ҳам беҳтар кардани нишондиҳандаҳои боло имконияту захираҳои истифоданашуда зиёданд, зеро то ҳол як қисми аҳолӣ бо бонкҳо ҳамкории зич надоранд. Бонкҳо дар ин самт кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин қисми аҳолиро бо пешниҳоди ҳамкориҳои судманд ба худ ҷалб намоянд.
    Албатта, ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои зиёд намудани захираҳои қарзӣ дар бонкҳо ва гирифтани қарз аз тарафи муштариён чӣ бояд кард?
    -бонкҳоро зарур аст, ки бо воситаи барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо фаъолияти ташвиқотии худро боз ҳам ривоҷу равнақ диҳанд;
    -амалиёти Интернет-банкинг дар бонкҳо ба таври васеъ истифода шавад, зеро ин амал ба ҷалби бештари муштариёни нав мусоидат менамояд; -ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки шаклу усулҳои амалиётҳои нави бонкӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ ва мобайл-банкингро дар низоми бонкии ҷумҳурӣ ҷорӣ намоянд;
    -ба воситаи намояндагиҳои бонкҳо дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия бо ҳамватанони бурунмарзӣ мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати ҷалби пасандозҳо, истифодаи кортҳои пардохти бонкӣ, намуди қарзҳо, интиқоли пул тавассути низомҳои байналмилалӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро пеш баранд;
    -рушди соҳаи кортҳои пардохти бонкӣ яке аз омилҳои инкишофи низоми молиявӣ буда, дар шаффофтар гардонидани иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Вақте ҳаҷми пардохтҳои электронӣ тавассути кортҳои пардохтӣ зиёд мешавад, шаффофият дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин гашта, маблағҳои бештар ба ҳисобҳои бонкӣ ҷалб мегардад;
    -фароҳам овардани шароит барои ҷалби маблағҳо ва дар ин замина манзур доштани фоизҳои ҷоиз аз рӯи амонатҳо зарур аст.
    Васеъ намудани ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилот боиси зиёд шудани маблағҳо дар ҳисобҳои бонкӣ мегардад ва ин дар навбати худ ба бонкҳо имконият медиҳад, ки маблағҳои ҷамъшударо дар муҳлатҳои муайян истифода баранд.
    Яке аз сабабҳои паст будани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва захираҳои қарзӣ метавонад аз сатҳи начандон баланди сатҳи дониши молиявии мардум вобастагӣ дошта бошад. Вобаста ба ин, баланд бардоштани ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми бонкӣ ва дониши молиявии аҳолӣ бевосита ба густариши боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат мекунад ва ин омил дар навбати худ ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат шароит муҳайё месозад. Маҳз бо ин мақсад ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
     Сарчашмаи дигари зиёд намудани захираҳои қарзӣ, ин ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ мебошад ва дар айни замон бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ баҳри густариш додани фаъолияти самараноки низоми бонкӣ, бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ- Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки Аврупоии таҷдиду инкишоф ҷиҳати бештар ҷалб намудани захираҳои иловагии молиявӣ ҳамкории зич ба роҳ мондаанд.       
    Бояд қайд кард, ки рушди соҳибкорӣ ва фароҳамории фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ва пешрафти рӯзафзуни иқтисодии бахши хусусӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
     -Ҳангоме ки муштарӣ аз ношаффофии кори бонки қарздиҳанда (эксперти қарзӣ) ба БМТ, аз кори он ба монанди пас аз гирифтани қарз, ҳангоми истифодаи автомобили ба гарав гузоштаи мизоҷ бе иҷозати он, кам баромадани вазни тиллои ба гаравгузошта пас аз буд шудани муҳлати қарзи гирифтааш, талаб кардани маблағи зиёдатӣ аз ҷониби эксперти қарзӣ дар ҷараёни фоиз пардохткунӣ қарзи гирифтааш БМТ чӣ гуна ҷарима нисбати бонки аз болояш шикоятомада, дар сурати дақиқ баромадани ҳолатҳои дар боло зикршуда ҷорӣ менамояд? Ва ҳамин гуна шикоят ба унвонии ягон бонки кишвар аз тарафи мизоҷон (қарзгирандагон) омадааст?
    - Бояд қайд намуд, ки муносибатҳои ташкилоти қарзӣ бо муштарӣ оид ба додани қарз ва баргардонидани он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома, Дастурамали №186 “Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар бонкҳо” ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзӣ вобаста ба қарздиҳӣ танзим карда мешавад. Ҳангоми бастани шартномаи қарзӣ дар он ҳамаи шартҳое, ки мувофиқи онҳо қарз дода мешавад, пешбинӣ мегарданд. Тибқи банди 15-и Дастурамали мазкур, ташкилоти қарзӣ қабл аз пешниҳоди қарз ба муштарӣ (то ба имзо расонидани шартномаи қарзӣ), бо таври хаттӣ маълумот дар бораи ҳамаи намудҳои қарзҳои додашаванда, шартҳои қарз, шартҳои пардохт (муҳлатҳои воқеии пардохти қарзи асосӣ ва фоиз), арзиши умумии қарз, намудҳои таъминоти қабулшаванда ва ғайраро пешниҳод менамояд. Дар мавриди аз ҷониби ин ё он бонк истифода бурдани автомобили ба гаравгузоштаи муштарӣ бе иҷозати он, изҳор менамоем, ки ин амал бояд дар шартҳои банди шартномаи қарзӣ нишон дода шавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани ин гуна шартҳо муштарӣ метавонад аз болои ин ташкилоти қарзӣ ба суд муроҷиат намояд.
    Инчунин бояд қайд намуд, ки ташкилоти қарзӣ дар асоси санадҳои меъёрии дохилии худ фаъолият менамоянд. Санадҳои меъёрии дохилии бонкҳо, ки тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоизи онро танзим менамояд, бо назардошти талаботҳои қонунгузорӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Агар амалиёти қарздиҳӣ бе риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуда бошад, нисбати ташкилоти қарзӣ як ё якчанд чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ, ки дар моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” муқаррар шудаанд, татбиқ карда мешавад.
    Ба диққати Шумо мерасонем, ки то имрӯз ягон шикояте бо мазмуни дар саволи боло дарҷшуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид нашудааст.
    - Ҳаҷми қарзҳои додашуда аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ дар соли 2014 чӣ қадарро ташкил медиҳад? Ва онҳо кадом намуди қарзҳоро ташкил медиҳад? Онҳо бештар ба кадом мақсад гирифта шудаанд?
    - Дар давоми моҳҳои январ-августи соли 2014 аз тарафи бонкҳои ҷумҳурӣ ба муштариён 5,1 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 912 млн. сомонӣ ё 21,8% зиёд мебошад. Қарзҳо асосан ба соҳаҳои кишоварзӣ (12%), саноат (10,2%), сохтмон (19,1%), нақлиёт (6,1%), хӯроки ҷамъиятӣ (0,4%), хизматрасонӣ (3,9%), савдои хориҷӣ (25,1%), миёнаравии молиявӣ (1,1%), истеъмолот (15,1%) ва ба дигар соҳаҳо (7%) равона карда шудаанд.
    -Бонки миллии Тоҷикистон аз болои бонкҳои дар кишвар буда чӣ гуна назорат мебарад?
    - Ҳар даҳрӯза ва ҳар моҳ бонкҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи молиявӣ пешниҳод менамоянд ва дар асоси ин ҳисоботҳо назорати фосилавӣ бурда мешавад. Ҳар семоҳа аз тарафи кормандони Департаменти назорати бонкӣ дар асоси ҳисоботи молиявии бонкҳо таҳлили фаъолияти молиявӣ-иқтисодии бонкҳо гузаронида мешаванд ва ба онҳо барои саривақт бартараф намудани камбудиҳо ва норасогиҳо, аз ҷумла тавсияҳо оид ба роҳи дурусти идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо дода мешаванд.
    Ҳамзамон барои муайян намудани ҳолати воқеии молиявии бонкҳо аз тарафи Департамент назорати бонкии БМТ тибқи нақша санҷишҳои ҳамаҷониба ва дар ҳолатҳои зарурӣ санҷишҳои мавзӯй гузаронида мешаванд. Пас аз гузаронидани ин гуна санҷишҳо бонкҳо Нақшаи чорабиниҳоро барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида таҳия ва пешниҳод менамоянд. Илова бар ин, Бонки миллии Тоҷикистон ба Шӯрои нозирони бонкҳо оид ба хавфҳои дар ташкилотҳои қарзиашон ҷойдошта маълумотҳои заруриро барои иҷро ва назорат ирсол мекунад.      
    Бонкҳо дар робита ба иҷрои талаботҳои Дастурамали №181 “Дар бораи талабот оид ба мавҷудияти низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар бонкҳо” ҳар сол ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
    - Бонки фаъолтарини кишвар аз лиҳози додани қарз ба мизоҷон (шаҳрвандони Тоҷикистон) кадом аст?
    - Бояд қайд кард, ки аксари бонкҳо дар додани қарзҳо нақши муҳим мебозанд. Саҳми бонкҳои фаъолтарини кишвар дар ҳаҷми умумии қарзҳо ба санаи 30 сентябри соли 2014 чунин аст: ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 26,35%, ҶСК “Агроинвестбонк” 20,16%, ҶСК “Ориёнбонк” 14,19%, ҶСК “Бонки Эсхата” 11,75%, БДА ҶТ “Амонатбонк” 7,84%, ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” 3,69, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” 4%, ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” 1,31%.
     - Соҳаи кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, роҳбари давлат ҳангоми вохӯриҳояш бо кормандону фаъолони ин соҳа пайваста таъкид мекунад, ки ба кишоварзон-деҳқонон бо фоизҳои нисбатан паст қарз дода шавад. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шудааст? Маблағи қарзҳои ба соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби бонкҳо додашуда дар 3-соли охир чӣ қадар аст ва ба кадом минтақаҳои ҷумҳурӣ бештар дода шудааст?!
    - Аз ҷониби бонкҳо ба соҳаи кишоварзӣ дар давоми солҳои 2012 – 5,6 млрд. сомонӣ, 2013 – 6,6 млрд. сомонӣ ва 2014 (январ-август ) – 5,1 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми асосии ин гуна қарзҳо бештар ба минтақаҳои зерин: шаҳрҳои Душанбе, Курғонтеппа, ноҳияҳои Восеъ, Мастҷоҳ, Хуҷанд, Ғончӣ, Зафаробод, Бохтар, Вахш ва Ашт пешниҳод гардиданд.
    Дар айни замон аз тарафи бонкҳо қарзҳо то 1 сола бо фоизи миёна бо пули миллӣ – 26,51% ва бо асъори хориҷӣ – 25,81% пешниҳод карда мешаванд.
    - Чӣ қадар қарзҳое, ки ба кишоварзон аз ҷониби бонкҳо дода шуда буд, баргардонида нашудааст ва онҳо ба кадом гуруҳи қарзҳо дохил шудаанд?
    - Дар санаи 30 сентябри соли 2014 бақияи қарзҳои саривақт пардохтнашудаи соҳаи кишоварзӣ 41,6 млн. сомониро ташкил дод ва қарзҳои мазкур ба гурӯҳи қарзҳои мушкилотдор тааллуқ доранд.
    - Бисёр иқтисоддонон дар кишвар аз баланд будани фоизҳои қарзи бонкӣ изҳори нигаронӣ мекунанд ва яке аз омилҳои кам таваҷҷуҳ намудани кишоварзону соҳибкоронро оиди гирифтани қарз аз бонкҳо дар баланд будани фоиз арзёбӣ мекунанд! То куҷо ин андеша ҳақиқат дорад?!
    - Оид ба масъалаи мазкур, қайд кардан зарур аст, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар асоси фоизҳо ва муҳлатҳои пасандозҳои ҷалбшуда ва бо мақсади гирифтани фоида ба муштариён қарз пешниҳод менамоянд, ки ин дар навбати худ ба афзоиши заминаи андозбандӣ ва ғанӣ гардидани буҷет мусоидат менамояд.
    Айни замон, дар низоми бонкӣ фоизи миёнаи пасандозҳо 15,76% ва фоизи миёнаи қарзҳо бо пули миллӣ – 26,51% ва бо асъори хориҷӣ – 25,81% буда, асосан муҳлати миёнаи онҳо аз 6 моҳ то 1 солро ташкил медиҳад.
    Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки барои таъмини мувофиқати муҳлати захираҳои қарзии ҷалбшуда ва ҷойгиркунии онҳо, ки омили пешгирии ба хавфи пардохтпазирӣ дучор шудани бонкҳо мебошад, бонкҳо имкон надоранд, ки бо фоизи аз арзиши пасандозҳои ҷалбнамуда пасттар ва муҳлати дарозтар ба муштариён қарз пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку