БМТ субот ва пардохтпазирии бозори дохилии асъорро таъмин менамояд

Бойгонии ахбор
20.11.2014

БМТ субот ва пардохтпазирии бозори дохилии асъорро таъмин менамояд

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Азия плюс” М. Абдуллоева

    1. Сабаби яку якбора паст шудани қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА, ки ҳар рӯз мушоҳида мешавад, дар чист?         
    - Дар ҳоли ҳозир дар аксари бозорҳои молиявии ҷаҳон аз эътидол берун рафтани қурби асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад. Қурбҳои асъор одатан ҳассос буда, на танҳо зери таъсири омилҳои макроиқтисодӣ, балки омилҳои дигар низ қарор доранд, ки онҳо ба талабот ва пешниҳоди асъор дар бозор таъсир мерасонанд.
    Инчунин тағйироту дигаргуниҳое, ки дар минтақа рӯй медиҳанд, бевосита ба талаботи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ таъсир мерасонанд.
    Ҳамзамон омилҳои объективии дарозмуддат низ ҳастанд, ки ба иқтисод ва бозори молиявии кишвари мо хос буда, ҳар мавсим талаботи асъори хориҷӣ, аз ҷумла асъори нақдиро афзун намуда пешниҳоди онро коҳиш медиҳанд.
    Бақияи манфии тавозуни пардохт (2,7 млрд. сомонӣ), ки ба бақияи манфии ҳаҷми вуруду хуруҷи асъори хориҷӣ ва касри он боис гардид, кам шудани ҳаҷми интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ, аз ҷумла бо доллар, афзоиши талаботи мавсимӣ ба доллари ИМА ва камшавии пешниҳоди он, инчунин кам шудани воридоти даромади (мадохилӣ) асъорӣ аз содирот ва ғайра, ба ин омилҳо дохил мешаванд.
    Соли ҷорӣ вазъ бинобар таъсири тамоюли ҷаҳонии устувор шудани долл. ИМА нисбат ба дигар асъорҳои миллӣ мураккабтар шуд. Ин бештар ба шиддат гирифтани вазъи геосиёсӣ дар ҷаҳон, дар Ховари Миёна, Украина ва Русия, инчунин тағйир ёфтани сиёсати асъории Низоми Захиравии Федералӣ бо мақсади нигоҳ доштани низоми молиявии Амрико робита дорад.
    2. Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз пастшавии қурби сомонӣ чӣ корҳоро анҷом медиҳад?
    - Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари татбиқи чораҳои сиёсати пулию қарзӣ, инчунин ҳамеша дар бозори асъор иштирок намуда, пардохтпазирӣ ва устувории онро таъмин менамояд.
    Масалан, аз аввали сол Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши мунтазами асъорро дар бозори дохилӣ анҷом медиҳад. Ин чораҳо имкон медиҳанд, ки талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ баробар карда шуда, суботи бозор ва қурб низ мувофиқан таъмин гардад.
    3. Оё Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба бозори асъор мудохила анҷом медиҳад ва бонк барои ин маблағи зарурӣ дар ихтиёр дорад?             
    - Бонки миллии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ барои ба эътидол овардани тағйирёбии қурб ва талабот ба асъори хориҷӣ ба бозори дохилӣ дахолат намуда, ба ин васила субот ва пардохтпазирии онро таъмин мекунад.
    Барои ин ҳамаи василаву фишангҳо мавҷуд аст.
     4. Захираи тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикстон чӣ қадар аст?
    - Захираи тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон афзоиш ёфта, динамикаи рушди устувор дорад. Рушди солонаи он бо дар назардошти тағйиротҳои охир 10-12%-ро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 14 ноябри соли ҷорӣ захираи тиллову асъори БМТ 1,2 млрд. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад ва ҳар моҳ тақрибан ба миқдори 27-35 млн. долл. ИМА афзоиш меёбад.
     5. Тибқи дурнамо қурби доллар мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2014” набояд аз 5 сомонӣ барои 1 долл. ИМА зиёд шавад. Шумо инро чӣ тавр шарҳ медиҳед?
    - Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки дар Қонуни ҶТ “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2014” қурби доллар танҳо ҳамчун қурби ҳисоббаробарӣ барои пешгӯии нишондиҳандаҳои асосӣ истифода мешавад.
    Ҳамзамон, бо баробари татбиқи ин Қонун, ки як сол пеш тартиб дода мешавад, қурби асъори хориҷӣ (дар ин ҳолат доллари ИМА) вобаста ба вазъу шароити бозори давраи ҷорӣ муқаррар мегардад. Масалан, қайд бояд намуд, ки дар гузашта давраҳое низ буданд, ки қурби ҷорӣ аз қурби ҳисоббаробарӣ пасттар ё баландтар муқаррар шуда буд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку