Таркиби сабади истеъмолӣ аз маҷмӯи маҳсулоти озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ иборат аст

Бойгонии ахбор
06.01.2015

Таркиби сабади истеъмолӣ аз маҷмӯи маҳсулоти озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ иборат аст

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”

    1. Чанд сол аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сабади истеъмолиро муайян намудан чораҷӯиҳо дорад, вале то имрӯз аз натиҷаи корҳои анҷомдода хабаре нест. Сабаби асосии то ҳол муайян нашудани он дар чист?
    Тибқи банди 2-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 №775 “Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нишондиҳандаҳои тавсияномаҳои методӣ барои таҳияи Тартиби муайян намудани арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолӣ чораҳои заруриро андешида истодаанд.

    2. Аслан сабади истеъмолӣ танҳо барои таъмин бо ғизост ё дигар ашёҳои рӯзгорро дар бар мегирад?
    Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ”, сабади истеъмолӣ - маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасонӣ, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини ҳаёт ва фаъолияти ҳаррӯзаи аҳолӣ заруранд, дар бар мегирад.

    3. Ҳадди ақали зиндагиро дар кадом асос ва чӣ гуна муайян менамоянд?
    Ҳадди ақали зиндагӣ арзиши сабади истеъмолӣ ва маблағи пардохти ҳатмӣ буда, дар асоси Қонуни мазкур ва Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

    4. Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” қабул шудааст. Қонун чӣ талабот дорад ва Шумо барои дар амал татбиқ шудани он чӣ тадбирҳо андешидаед?
   Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муайян намудани ҳадди ақали зиндагӣ, баҳисобгирии он ҳангоми ба шаҳрвандон таъин кардани кӯмакҳои давлатии иҷтимоӣ, инчунин кафолати давлатии гирифтани даромади ҳадди ақали пулиро дар мавриди татбиқи дигар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Муқаррароти ин қонун мустақиман ба доираи салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрӣ дохил намешавад.

    5. Таркиби сабади истеъмолӣ аз чӣ иборат аст? Иқтисодшиносон дар ин маврид чӣ пешниҳоду дархост доранд?
    Таркиби сабади истеъмолӣ аз маҷмӯи маҳсулоти озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Ба сабади истеъмолӣ гурӯҳи молу хизматрасониҳое ворид карда мешавад, ки барои зиндагии шахси алоҳида аз рӯи талаботҳои муҳимтарин зарур мебошад.
    Маҳсулоти озуқаворӣ (ба 11 гурӯҳ чудо мешавад): нон, маҳсулоти нонӣ, ярмаҳо, лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, маҳсулоти полезӣ, меваҳои тару тоза, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равғани растанӣ ва дигар маҳсулот.
   Маҳсулоти ғайриозуқаворӣ: а) барои истифодаи инфиродӣ: гурӯҳи болопӯш (палто,костюму куртаҳо), тагпӯш, маҳсулоти бофандагӣ, сарпӯшҳо ва маҳсулоти чарчинворӣ, пойафзол, лавозимоти мактабӣ.б) барои истифодаи умум:лавозимот барои рахти хоб, молҳои зарурии аввалиндараҷа, санитарию доруворӣ, молҳои таъиноти фарҳангию маишӣ ва хоҷагӣ.
    Ба хизматрасонӣ инҳо дохил мешаванд: манзили зист, гармидиҳӣ, таъмини оби хунуку гарм ва обпарто, таъмини гази табиӣ, қувваи барқ, хизматрасонии нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ.

    6. Дар муътадил нигоҳ доштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон сабади истеъмолӣ чӣ нақш дорад?
    Сабади истеъмолии расман, дақиқ, саҳеҳ ва вобаста ба имкониятҳои иқтисодии мардум муайянгардида, метавонад дар ҷараёни татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат талаботи ҳаётан муҳими инсонро аз рӯи меъёри даромадҳо қонеъ гардонида, сатҳи зиндагии шаҳрвандонро муътадил нигоҳ дорад.

    7. Ҳангоми муайян кардани сабади истеъмолӣ оё номгӯи анвои ғизоӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофию иқлими минтақаҳои мамлакат ба назар гирифта мешаванд?
    Тибқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти озуқаи сабади истеъмолӣ меъёрҳои илман асоснокшудаи талаботи ҳадди ақали гурӯҳҳои иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маводи ғизоӣ, инчунин таркиби кимиёвӣ ва арзиши ғизонокии маҳсулоти озуқа ба инобат гирифта мешаванд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку