20.01.2015
Ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014
20 январи соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2014, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи таваррум, тавозуни пардохт, пасандозҳо, қарзҳои додашуда, рушди низоми бонкӣ, қурби пули миллӣ, ҳаҷми пулҳои захиравӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре дар ибтидои суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор дошт, дар соли 2014 сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони савдо, тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, тамоюли мусбии рушд дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шуда, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фаъолияти низоми бонкии кишвар ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-молиявӣ равона гардид.
1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми ММД ба 45,6 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба соли гузашта 6,7 фоизро ташкил намуд.
Таваррум. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 меъёри таваррум 7,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,7 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи номбурда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 9,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 2,9 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,5 фоиз ба миён омад. (Барои маълумот: тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ дар охири соли баррасишаванда дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум нисбат ба аввали сол 7,5 фоиз ва нафт 43,7 фоиз коҳиш ёфт).
А. Ширинов иброз намуд, ки тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ сатҳи таварруми аслӣ (бе назардошти таъсири омилҳои беруна, мавсимӣ ва маъмурӣ) 2,9 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Қурби пули миллӣ. Сиёсати асъории Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 бо назардошти нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ба таъмини фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар равона гардид.
Номбурда қайд намуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ мушоҳида гардид, ки ин пеш аз ҳама ба омилҳои берунӣ-иқтисодӣ, бахусус вазъи шадиди геосиёсӣ дар минтақа ва ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо вобастагӣ дорад. Омилҳои зикршуда дар навбати худ боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва лаппишҳои қурбӣ дар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф гардиданд.
Бо мақсади пешгирӣ намудани тағйирёбиҳои қурбӣ иштироки ҳамарӯзаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори байнибонкии асъор тавассути низоми ягонаи электронии савдо таъмин гардида, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ бо ташкилотҳои қарзӣ, ки барои бартараф кардани норасоии пешниҳоди он ва таъмини пардохтпазирии асъории ташкилотҳои қарзӣ мусоидат менамоянд, анҷом дода шуд. Инчунин, дар ҳолатҳои зарурӣ фурӯши бевоситаи асъори нақд тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор ба роҳ монда шуд.
Новобаста аз чораҳои андешидашуда, дар соли 2014 тамоюли пастравии бемайлони қурби сомонӣ ҷой дошт ва қурби расмии он нисбат ба доллари ИМА аз 4,7741 сомонӣ дар ибтидои сол то 5,3079 сомонӣ дар интиҳои сол ё худ 11,2 фоиз тағйир ёфт. (Барои муқоиса: дар соли 2013 тағйироти мазкур 0,2 фоизро ташкил дода буд).
Қурби бозории хариду фурӯши асъори хориҷии нақдӣ бошад, дар соли 2014 барои 1 долл. ИМА аз 4,9300 сомонӣ то 5,4600 сомонӣ ё худ 10,7 фоиз тағйир ёфтааст.
Тавозуни пардохт. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли ҳисоботӣ 5,3 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 6,6 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 15,8 фоиз афзоиш ёфта, бо кишварҳои хориҷаи дур бошад 0,1 фоиз коҳиш ёфт.
Ҳаҷми содироти молҳо ба 977,4 млн. долл. ИМА ва воридоти молҳо ба 4,3 млрд. долл. ИМА баробар шуд, ки назар ба соли 2013 мутаносибан 3,6 фоиз ва 7,3 фоиз зиёд мебошад.
Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ташаккул ёфта, касри он 3,4 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13,6 фоиз зиёд мебошад.
2. Сиёсати пулӣ
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати мутавозуни пулию қарзиро ҷиҳати рушди боэътидоли ҳаҷми пул, муътадилии қурби пули миллӣ, таъмини фаъолияти солими низоми бонкии кишвар ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум, ки омили муҳими рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад, амалӣ намуд.
Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, бо назардошти вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ меъёри бозтамвил дар семоҳаи аввали соли 2014 аз 5,5 фоиз то 4,8 фоизи солона паст карда шуд. Ҳамзамон, вобаста ба зиёд гардидани фишорҳои таваррумӣ дар моҳи май меъёри бозтамвил то 5,9 фоиз, моҳи октябр то 6,9 фоиз ва моҳи декабри соли 2014 то 8,0 фоизи солона баланд карда шуд.
Бо мақсади таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт тавассути рушди маблағгузориҳои қарзӣ ва коҳиш додани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт, меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ 3 банди фоизӣ паст ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ зиёд карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона муқарар гардиданд. Меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, бо назардошти фоизи қарзҳои байнибонкӣ аз 17,3 фоизи солона дар аввали сол то 18,7 фоизи солона дар интиҳои сол зиёд шуд. Баҳри нигоҳ доштани устувории низоми бонкии кишвар ва таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ дар соли ҳисоботӣ ба бонкҳои ватанӣ 366,0 млн. сомонӣ, 12,0 млн. долл. ИМА ва 140,0 млн. рубли русӣ қарзҳои кутоҳмуддат дода шуд.
Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи асосии пулӣ, ба ҳолати 30 декабри соли 2014 тибқи маълумоти фаврӣ 6 031,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 12,5 фоиз зиёд мебошад.
3. Рушди низоми бонкӣ
Шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар охири соли ҳисоботӣ 138 ададро ташкил намуд, аз ҷумла: 17 бонк, 120 ташкилоти маблағгузории хурд, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва 344 филиалҳои бонкҳо. Дар ин давра нисбат ба соли қаблӣ шумораи бонкҳо 1 адад ва филиалҳои онҳо 17 адад зиёд гардиданд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар миқёси ҷумҳурӣ соли гузашта 1 539 адад нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар муқоиса ба аввали сол 115 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, 645 адад ба шаҳри Душанбе, 424 адад ба вилояти Суғд, 204 адад ба вилояти Хатлон, 40 адад ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва 226 адад ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд.
Пасандозҳо. Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2014 бақияи умумии пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба соли гузашта 19,2 фоиз афзуда, 6,7 млрд. сомониро ташкил намуд.
Дар ҷараёни мулоқот қайд карда шуд, ки ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 34,3 ва 65,7 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, ҳаҷми бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо пули миллӣ 33,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,8 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муқоиса ба соли гузашта мутаносибан 14,6 фоиз ва 27,9 фоиз афзуданд. Ҳиссаи онҳо дар бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 63,0 ва 37,0 фоизро ташкил дод.
Қарзҳо. Ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо ба интиҳои соли 2014 аз рӯи маълумоти фаврӣ 10,2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 35,7 фоиз зиёд мебошад.
Тавре аз ахбори пешниҳодгардида бармеояд, ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда тибқи маълумоти фаврӣ 12,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 35,8 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда бошад, дар соли ҳисоботӣ ба 9,8 млрд. сомонӣ расида, коэффитсиенти бозгашти он 81,3 фоизи қарзҳои дар ин давра додашударо ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 5,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Фоизи миёнавазни қарзҳои аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ додашуда дар ин давра тағйироти гуногунсамта дошта, бо пули миллӣ 24,34 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,54 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта мувофиқан 0,4 банди фоизӣ баланд ва 0,9 банди фоизӣ паст аст.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 6,1 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 29,7 фоиз зиёд мебошад. Ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон бошад, дар ин давра 1 144,2 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки зиёдшавии он нисбат ба соли гузашта 27,3 фоизро ташкил намуд.
Низоми пардохт. Шумораи умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда, дар соли ҳисоботӣ 1 107,1 ҳаз. ададро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 45,4 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, 1 070,7 ҳаз. нафарро ташкил намуда, 43,6 фоиз зиёд гардидааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон А. Ширинов таъкид кард тибқи маълумоти фаврӣ дар ин давра фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” таъмин гардид ва шумораи умумии иштирокдорони низоми мазкур ба 16 адад баробар шуд(дар аввали сол 3 ададро ташкил медод). Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии иштирокдорони Низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” 657 599 адад кортҳои миллӣ бароварда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 106 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин, тибқи маълумоти фаврӣ дар соли 2014 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 704 адад ва 1 576 ададро ташкил намуд, ки, дар муқоиса ба соли гузашта 156 адад банкомат ва 494 адад терминалҳои электронӣ зиёд аст.
Дар қисмати дуюм ва ниҳойи нишасти матбуотӣ, ки ба саволу ҷавоби ҷонибҳо бахшида шуда буд ва расо якуним соат идома ёфт, бо андешаи гурӯҳи рӯзноманигорон мулоқот хеле шавқовару ҷолиб гузашт. Хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди навигариҳо ва масъалаҳои низоми бонкӣ, аз қабили андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, ҷорӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, тағйирёбии қурби асъор, пулҳои фарсуда, сатҳи таваррум, пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ва дастрасии ҷавонон ба қарзҳои имтиёзнок, ҷалби маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифодаи кортҳои пардохтӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, қарз ба соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти амонати шаҳрвандон, қарзҳои мушкилситон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
БМТ