Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори ҳафтаномаи “Нигоҳ” Амруллоҳи Низом
- Соли 2014 аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия чӣ қадар маблағ ворид шудааст?
- Тибқи маълумотҳои расмии оморӣ соли 2014 ҳаҷми умумии интиқолҳои пулии ба ҷумҳурӣ воридшуда 3,9 млрд. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 8,3 фоиз кам аст.
Бояд тазаккур намуд, ки коҳиши бесобиқаи нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва таҳримҳои сиёсию иқтисодии давлатҳои Ғарб нисбати Русия ва таъсири онҳо ба паст шудани суръати рушди иқтисодиёт, кам гардидани ҷойҳои корӣ дар ин кишвар ва беқурбшавии ниҳоят зиёди қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА оварда расониданд. Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, қисмати зиёди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар кор мекунанд ва онҳо тавассути бонкҳо, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ бо рубли русӣ маблағи зиёд интиқол медиҳанд.
- Аз ин маблағ чӣ қадар пул бо евро, доллар ва рубли русист?
- Аз ҳаҷми умуми маблағҳое, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурии мо ворид шудаанд, 89,1 фоизро рубли русӣ, 10,8 фоизро доллари ИМА ва 0,1 фоизро Евро ташкил медиҳад.
- Оё дуруст, ки моҳҳои охир воридоти маблағҳои интиқолии муҳоҷирин танҳо бо доллар сурат мегирад?
- Тавре дар боло иброз намудем, аксари интиқолҳои маблағҳои пулие, ки аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ворид мешаванд, рубли русиро ташкил медиҳанд.
- Гуфта мешавад, ки бонкҳои Русия ҳаққи хизмати худро барои маблағҳои интиқолии муҳоҷирин боло бурдаанд. Оё ин ба воридшавии маблағҳо таъсири манфӣ расонида метавонад?
- Бояд қайд намоем, ки ба таври расмӣ дар мавриди баланд ё паст шудани меъёри арзиши хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо аз ҷониби бонкҳои Федератсияи Русия ягон маълумоте интишор нашудааст. Маълумоти дақиқ он аст, ки бонкҳои Русия тибқи шартномаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи ҳаққи хизматрасониҳоро барои интиқоли маблағҳо якҷоя муайян менамоянд.
Хадамоти матбуоти
БМТ