Талабот ба ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ зиёд карда шуд

Бойгонии ахбор
07.07.2015

Талабот ба ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ зиёд карда шуд

Бо мақсади дар заминаи муттаҳиднамоии фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ба роҳ мондани танзими самараноки фаъолияти онҳо, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 28 майи соли равон ба Дастурамали №196 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд”, ки дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ таҳти №600 "б" 26 июни соли 2015 ба қайд гирифта шудааст, тағйирот ворид намуд ва дар асоси он барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 6 000 000 (шаш миллион) сомонӣ муқаррар карда мешавад. 
    Мувофиқи қарори мазкур барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди амалкунанда андозаи ҳадди ақалли сармояи танзимшаванда ба таври зайл муқаррар карда мешавад: 
    - ба ҳолати 1.10.с.2015 - 3 000 000 (се миллион) сомонӣ; 
    - ба ҳолати 1.01.с.2016 - 4 500 000 (чор миллиону панҷсад ҳазор) сомонӣ; 
    - ба ҳолати 1.04.с.2016 - 6 000 000 (шаш миллион) сомонӣ. 
    Ҳамчунин бо Қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 майи соли равон бо мақсади дар боло зикршуда ба Дастурамали №197 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд», ки дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ таҳти №137 "е" 26 июни соли 2015 ба қайд гирифта шудааст, тағйирот ворид карда шуд ва дар асоси он барои ташкилотҳои қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба маблағи 4 000 000 (чор миллион) сомонӣ муқаррар карда мешавад. 
    Тибқи қарори номбурда барои ташкилотҳои қарзии хурди амалкунанда андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ ба таври зайл муқаррар карда мешавад: 
     - ба ҳолати 1.10.с.2015 - 2 000 000 (ду миллион) сомонӣ; 
     - ба ҳолати 1.01.с.2016 –3 000 000 (се миллион) сомонӣ; 
    - ба ҳолати 1.04.с.2016 - 4 000 000 (чор миллион) сомонӣ. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ


Возврат к списку