Доктор Алӣ Қарадоғӣ: “Имкониятҳои ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ вуҷуд доранд”

Бойгонии ахбор
23.07.2015

Доктор Алӣ Қарадоғӣ: “Имкониятҳои ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ вуҷуд доранд”

Дар доираи Конфронси байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ», ки дар шаҳри Душанбе шуда гузашт, 23 июли соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ мулоқот бо дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмони Давлати Қатар доктор Алӣ Муҳиддин ал-Қарадоғӣ баргузор гардид ва мавзӯи имкониятҳои ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

 

    Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ташрифи меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта изҳор намуд, ки дар ҷумҳурии мо Шуморо бо асарҳои пурарзиш дар бораи ба роҳ мондани бонкдории исломӣ, таҷрибаи бойи дар ин ҷода андӯхтаатон хуб мешиносанд. Як сол пеш Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” қабул шудааст ва ҳоло заминаҳои ҳуқуқии таъсиси ин намуди ташкилотҳои қарзӣ муҳайё мебошанд. Низоми бонкии ҷумҳурӣ омодааст ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро бо сармоягузорони Давлати Қатар дар мавриди ташкили бонкҳо ва дигар муассисаҳои қарзии исломӣ ба роҳ монад. 
    Доктор Алӣ Қарадоғӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Тоҷикистон бо ташкили бонкдории исломӣ метавон ҳамкориҳоро бо сармоягузорони кишварҳои араб вусъат бахшид. Номбурда, азҷумла қайд кард, ки дар ҷумҳурии Шумо имконияти хуби ташкили як бонки бузурги исломӣ бо сармояи аз 100 то 500 млн. долл. ИМА бо иштироки ҷониби Тоҷикистон ва сармоягузорони Қатар вуҷуд дорад. Аз ҷониби худ ман дар ҷалби сармоягузорони кишварҳои араб ва пешниҳоди намунаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии таъсиси бонки исломӣ саҳми худро хоҳам гузошт. Мо ҳамчунин омодаем гуруҳи кории шуморо дар Қатар бипазирем ва оиди масъалаи номбурда машваратро оғоз кунем. 
     Илова бар ин, меҳмон изҳор кард, ки бонкҳои исломӣ метавонанд дар ин ҷо филиалҳои худро кушода, фаъолият намоянд, заминаҳои таъсиси ташкилоти сармоягузорӣ ба монанди ширкатҳои кафолатӣ (суғуртавӣ) ва ҳамчунин ташкили муассисаҳои маблағгузории хурд вуҷуд доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки сармоягузорони Давлати Қатар дар музокироту машваратҳои минбаъда омодагии худро барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳор хоҳанд кард, гуфт доктор Алӣ Қарадоғӣ. 

 

    Роҳбарони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ дар навбати худ қайд намуданд, ки мутахассисони онҳо то андозае дар ҷодаи истифодаи усулу воситаи татбиқи бонкдории исломӣ таҷриба андӯхтаанд ва дар маҷмуъ пешниҳодҳои намояндаи Қатарро дастгирӣ намуда, ба ҳамкории ҳамаҷониба омодаанд. 
    Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби бонкдорони тоҷик пешниҳод карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ бо иштироки ҳарду кишвар чунин як бонки минтақавии сармоягузории исломӣ таъсис дода шавад, то ки аз хизматрасониҳои он бонкҳои дигар низ истифода баранд. 

Хадамоти матбуоти 
БМТ

Возврат к списку