Ҳаҷми пасандозҳо зиёд шуданд

Бойгонии ахбор
01.09.2015

Ҳаҷми пасандозҳо зиёд шуданд

Бақияи пасандозҳо мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар интиҳои моҳи июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 фоиз афзуда, 7 915 млн. сомониро ташкил дод.

Таҳлили таркиби ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 37,9 фоиз ё 2 997,0 млн. сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва 62,1 фоиз ё 4 918,4 млн. сомонӣ ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд.

Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар ин давра бо пули миллӣ 15,62 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,60 фоизи солонаро ташкил намуданд.

Хадамоти матбуоти  
БМТ



Возврат к списку