Дар ҷаласаи корие, ки 28 ноябри соли ҷорӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ баргузор намуд, вазъи феълии бозори дохилии асъор, сабабҳои баланд шудани қурби доллари ИМА ва роҳҳои ба эътидол овардани ҳолати баамаломада, пешгирӣ кардани омилҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ ҳангоми анҷом додани амалиётҳои хариду фурӯши асъор ба таври ошкоро ва ҷиддӣ баррасӣ гардиданд.
Тавре Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, бо вуҷуди он ки бонкҳои кишвар то андозае сатҳи хизматрасониро беҳтар карда бошанд ҳам, ҳанӯз дар фаъолияи онҳо камбудиҳо зиёд аст, махсусан дар бахши назорат аз болои амалиётҳои марбут ба мубодилаи асъори хориҷӣ, ҷалби амонатҳо ва пешниҳоди қарзҳо ба аҳолӣ ҳодисаҳои ташвишовар ба қайд гирифта шудаанд.
Номбурда қайд кард, ки дар муддати чанд моҳи охир фаъолияти бештар аз 800 нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқейи қатъ гардида, бо қарори марбута аксарияти онҳо ба сохторҳои ташкилотҳои қарзӣ шомил шуданд. Бо вуҷуди ин, вазъи бозори асъор ба ҷуз дар як муддати кӯтоҳ бо иллати паст будани масъулият ва аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда нашудани назорат аз болои кори нуқтаҳои мубодилаи асъор болоравии босуръати қурби доллари ИМА ба миён омад. Аз ҳолати мавҷуда кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор аз усулҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ моҳирона истифода бурда, бидуни ягон асос қурби асъори хориҷиро баланд бардошта, даромади муфт ба даст оварданд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид кард, ки бо мақсади паст кардани шиддати вазъ дар бозори дохилии асъор ва пешгирӣ кардани амалҳои номатлуб ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши асъори нақд, Бонки миллии Тоҷикистон якчанд чораҳои таъсирбахшро, ки бо амалӣ шудани онҳо талабот боз қатъитар мегардад, ба роҳ мемонад. Дар ин робита, нисбати ташкилотҳои қарзие, ки талаботҳои Бонки миллиро иҷро накардаанд ва ё худсарона вайрон намудаанд, чораҳои муҷозотӣ дар шакли ҷаримаҳои калон андешида мешаванд. Илова бар ин, супориш дода шуд, ки дар ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ ситодҳои фаврии доимоамалкунанда ташкил карда шуда, ҳамарӯза натиҷаи кори онҳо ҷамъбаст ва қарорҳои дахлдор қабул карда шаванд. Ҳамчунин барои пурзур кардани назорат аз болои иҷрои талаботҳои ҳатмӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади ба эътидол овардани вазъи бозори дохилии асъор фикру андешаҳои худро дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич байни бонкҳо, ба низом даровардани таносуби фоизи амонатҳо ва қарзҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, беҳтар кардани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор, марказҳои хизматрасонии бонкҳо ва тағйир додани реҷаи кори онҳо пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳли нишаст даъват кард, ки ҳамкориҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, тамоми имконияту воситаҳои дохилиро барои ба эътидол овардани вазъи бозори асъор равона намоянд.
Хадамоти матбуоти
БМТ