Бонки миллии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 124 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд.
Шаҳрвандон барои мубодилаи асъор метавонанд ба ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағ муроҷиат намоянд. Дар сурати ба миён омадани ягон мушкилот муштариён ба телефонҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои 600-15-20, 600-31-90 ва 620-05-39, 600-28-63 занг зананд.
Хадамоти матбуоти
БМТ